Бонки Ҷаҳонӣ ва ҷавонони бекор  

Тибқи як гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, 40 дарсади ҷавонон ва ҳудуди 27 фоизи занон дар Тоҷикистон бекор ҳастанд. Ин нуқта рӯзи 14 феврал зимни муаррифии гузориши Бонки Ҷаҳонӣ бо номи «Ташхиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон: Барномаи стратегӣ барои эҷоди ҷойҳои корӣ», ки дар мақарри вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд, садо дод.Тибқи ин гузориш, дар ҳоле, ки аҳолии Тоҷикистон бо суръат рушд мекунад ва дар назар аст то соли 2030 ба 11,5 миллион расад, эҷоди ҷойҳои корӣ ба ин талабот, ҷавоб дода наметавонад. Бар пояи ин гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, бахши давлатӣ бо маоши хеле кам ҷолиб нест ва бахши хусусӣ ҳам зиёд рушд накардаст.Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки мушкили бекорӣ умдатан миёни ҷавонон ва занон ба мушоҳида мерасад. Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, 40 дарсади ҷавонон бекор ҳастанд, ки ин баландтарин нишондод аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳамагӣ 27 дарсади занҳон дар Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин будаанд.Аз назари Бонки Ҷаҳонӣ, роҳи ҳалли ин мушкил рушди бахши хусусӣ мебошад, ки метавонад теъдоди зиёди мардумро бо ҷойҳои корӣ таъмин кунад ва ҳамзамон бозори дохилиро ҳам бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *