Бюрократизм. Он то кай идома меёбад?
Ҳоло расмияти аз ҳад зиёд ва бемаврид дар иҷрои корҳои давлатию ҷамъиятӣ мардумро хаста кардааст. Чун расмиятпарастӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ба авҷи ниҳоӣ расида, имрӯз ё фардо сарҳадҳоро убур мекунад, мардум роҳҳои муфиду осонро барои анҷоми корашон меҷӯянд. Ин сахтгириҳо дар самти ҳуҷҷатнигорӣ дар сохторҳо ва осонҷӯиҳои мардум оқибат ба он оварда мерасонад, ки коррупсия дар ҷомеа ривоҷ ёбад. Коррупсия, ки мисли кирми лойхӯрак пояҳои давлатро як-як мехӯрад ва оқибат кишвар ба ботлоқи камшавии буҷет, қарзҳои ҳаргуфт, муфлисшавии коргоҳҳо ва буҳрони сартосарӣ меғӯтад.
Дар ин зимн ҳанӯз ҳам кам нестанд нафароне, ки ба хотири расмиятҳои ғайримуҳим ба моҳияти кор бепарвоӣ мекунанд. Бюрократҳо дар ҳар давру замон буданд, ки ҳадафашон дар як қолаби шахшудаи расмиятпарастӣ ҷомеаро пеш бурдан аст. Хестанд, ки хобанд. Наметавон бо коғазбозӣ кишварро пеш бурду пояҳои онро мустаҳкаму устувор ва иқтисоди онро аз сифр тараққӣ дод.
Солҳост, ки “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” дар болои мизи масъулини иҷрокунанда чанг гирифта хобидааст. Лекин амалӣ намудани он ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта ё аслан гирем, мақоми сохтории ташкилӣ ва идорие, ки аз уҳдаи иҷрои муассири бахши ҳукумати электронӣ барояд, вуҷуд надорад. Як аз хоби ғафлат бедор шавед, ҷаҳонро буҳрони сартосарии бемории COVID-19 таҳдид мекунад ва барои мубориза ба он бояд сартосар мусаллаҳ шуд.
Пас имрӯз оё ҳаст ягон нибиға ё рӯшанфикр, ки як барномаи мукаммали сартосариро дар кишвар ҷорӣ кунад, то шояд бо ин роҳ бюрократизм аз байн равад. То кай барои гирифтани як шаҳодатномаи таваллуд, як шиноснома ё шаҳодатномаи ақди никоҳ як ҷузвдон ҳуҷҷат ҷамъ мекунем, бигзор як барномаи мутамарказонидашударо фармон диҳеду ҷамъи маълумоти лозимаи шаҳрвандонро ворид кунед ва ба ин давуғеҷу сарсониҳои мардум хотима бахшед. Амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда метавонад пешгирӣ аз ҳама гуна додугирифтҳои ғайриқонунӣ байни масъулини дахлдор ва сокинон гардад.
Роҳи ҳалро дар ин мебинам ё шояд шумо фикри дигар доред?
Нуралӣ Карим
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ