Хатти троллейбуси нав дар пойтахт

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, дар хатсайри нави тролебус, ки аз рузи душанбе ба кор сар мекунад,троллейбусҳо тавассути хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ҳаракат менамоянд.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар хатсайри мазкур низ тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад», — хабар додааст «Ховар» аз қавли шаҳрдорӣ.
Хабари фаъолшавии хатсайри нав дар ҳолест, ки дар пойтахт муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав баргузор гардид.
Ба иттилои расмӣ, троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат медароянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Белкоммунмаш» — и Ҷумҳурии Белорус мебошанд.
Бино ба гузориш, ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *