Чӣ тавр дар Русия метавон алоқаро бо хона нигоҳ дошт
Ба наздикӣ мавсими корӣ оғоз меёбад, бисёри шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия хоҳанд рафт. Лекин аз соли ҷорӣ дар ҳудуди ФР қоидаҳои нави хариди SIM-кортҳои маҳаллӣ амал мекунанд, раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо нисбатан мушкил гардид ва метавонад то як моҳ вақтро дар бар гирад. Дар ин муддат дар нигоҳ доштани алоқа бо наздикон ду опсияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” – “Россия Онлайн” ва “Россия Онлайн 2.0” кӯмак менамоянд.
Фарқи байни опсияҳо дар чист?
Дар таркибу ҳаҷми хизматрасониҳое, ки ба бастаҳо дохил шудаанд. “Россия Онлайн” аз 5 Гб трафики интернет бо нархи 15 сомонӣ ва “Россия Онлайн 2.0” аз 15 Гб ва 15 дақиқа зангҳо ба рақамҳои ФР бо нархи 55 сомонӣ иборат аст. Ҳамин тавр, опсияи якум барои онҳое мувофиқ аст, ки нияти тариқи телефон зиёд суҳбат карданро надоранд. Опсияи дуюм имкон медиҳад, ки шабакаҳои иҷтимоию паёмрасонҳо зиёдтар истифода карда шуда, инчунин дар ҳудуди ФР зангҳо анҷом дода шаванд.
Умумияташон дар чист?
Ҳарду опсия аз рӯи принсипи умумӣ фаъолият мекунанд: онҳо ба таври автоматӣ ҳамин ки муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шабакаи “МегаФон” дар Россия худро ба қайд мегирад, фаъол мегарданд. Барои ин кофист, ки занги нахустинро анҷом диҳед ё интернети мобилиро истифода баред. Раванди пайвастшавии автоматии опсияҳо метавонад аз якчанд дақиқа то ду соат вақт гирад. Ҳарду баста дар ҳамаи тарофаҳои оператор бо хизматрасонии фаъоли “Роуминги қулай” дастрас ҳастанд. Пайваст будан ё набудани хизматрасониро дар замимаи “МегаФон Life” метавон санҷид. Барои кор кардани он дар тавозун бояд 3 сомонӣ маблағ бошад. Муҳлати амали ҳарду опсия 30 рӯзро ташкил медиҳад, ин муддат барои ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба SIM-корти русиягӣ комилан кифоя аст. Дархост барои дидани бақияи бастаҳо ҳамон аст — *104#. Инчунин муштариён имкон доранд, ки опсияи заруриро пеш аз парвоз тавассути замимаи “МегаФон Life” пайваст намоянд.
Кадоме аз опсияҳо пайваст мешавад?
Ин аз он вобаста аст, ки худи муштарӣ чиро интихоб менамояд. Агар ӯ ба ФР сафари кӯтоҳмуддат дошта бошад, ба ӯ бештар опсияи “Россия Онлайн” мувофиқ аст. Барои дастрас гардидани он кофист, ки тавозун бо маблағи аз 18 то 58 сомонӣ пур карда шавад. “Россия Онлайн 2.0” барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки дар ФР на камтар аз як моҳ боқӣ монданӣ буда, зангҳо ва интернети бештарро истифода карданӣ ҳастанд. Барои интихоби ин опсия зарур меояд, ки тавозун ба маблағи зиёда аз 58 сомонӣ пур карда шавад.
Оё опсияро метавон иваз кард?
Бале. Анҷоми ин амалиёт тариқи замимаи “МегаФон Life” ё бо ёрии USSD-дархостҳо имконпазир аст.

То харидани SIM-корти русиягӣ барои нигоҳ доштани алоқа тариқи онлайн бастаи заруриро интихоб намоед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ