Дар Душанбе Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони болаёқат бунёд мешавад
Ҳамчунин, 17 март Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин ба сохтмони Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд.
Дар расми гузоштани санги асос сарони ду давлат аз Маскав ба таври маҷозӣ иштирок карданд.
Аз маҳали сохтмон бошад, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва муовини сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба роҳбарони ду давлат гузориш доданд.
Гуфта мешавад, ки маркази таълимии мазкур барои 500 хонанда пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ