«Чӣ тавр парронданашро нафаҳмидам,»-мегӯяд муҳоҷири тоҷик дар Украина

Ирпин, шимолу ғарби Киев. Бисёре аз сокинон рӯзи якшанбе тасмим гирифтанд, ки шаҳрро тарк кунанд, вале бархе кушта шуданд

Муҳоҷири 22‑солаи тоҷикистонӣ шаби 9‑уми март дар Киев захмӣ шудааст. Вай якуним сол боз дар Украина кору зиндагӣ мекард.

Дар Украина сафорати Тоҷикистон аз ӯ «Н. Ҷ. ном бурд, ки ҳангоми соати комендантӣ дар хиёбонҳои Киев гаштугузор кардааст.»

Худи ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 11-и шаб ба хиёбон баромад, ки тирпарронӣ шуд ва аз пояш ҷароҳат бардошт. «Нафаҳмидам, ки тирпарронӣ миёни кӣ буд. Ҳоло дар беморхона ҳастам ва поямро ҷарроҳӣ карданд. Роҳ гашта наметавонам ва бояд чанд рӯз ин ҷо бимонам.»

Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, мегӯяд, бо муҳоҷири тоҷик суҳбат доштанд ва ба ӯ ёрӣ мерасонанд.

«Аз онҳое, ки дар Киев ва шаҳрҳои дигари Украина зиндагӣ ва кор мекунанд, хоҳиш дорем, ки дар соати комендантӣ ба берун набароянд. Дар ин вақт касе кафолати бехатарӣ дода наметавонад. Бо даст додани имкон шаҳрвандон ба ҷои бехатар кӯчонида мешаванд, вале то он вақт беҳуда ба берун набароянд,» — гуфт  сафири тоҷик.

Ба иттилои расмӣ, то оғози ҳамлаи Русия, чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина кору зиндагӣ ва таҳсил мекарданд. Дар ду ҳафтаи охир тақрибан 1400 нафари онҳо аз Украина ба Лаҳистону Молдова паноҳ бурдаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *