Муҳаббат Иззатова, устоди ДДК мавлуд дорад. Ӯ кист?

Имрӯз, 10 -уми март Муҳаббат Иззатова, доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мавлуд дорад. Ӯ ба остонаи 70 қадам гузошт.

Муҳаббат Иззатова дар хонадони аҳли зиё, дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Номбурда факултаи омӯзгории Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)-ро соли  1973) хатм кардааст. Муҳаббат Иззатова солҳои гуногун ба ҳайси мудири кафедраи тарбияи томактабӣ, дотсенти кафедраи тарбияи томактабӣ, декани факултаи омӯзгории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намудааст. Ҳоло дотсенти кафедраи тарбияи томактабии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Дар мавзӯи «Хусусиятҳои тарбияи меҳнатии кӯдакони синни калони томактабӣ ва роҳҳои ташаккулёбии он дар оилаҳои деҳоти Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Бавуҷудоӣ ва инкишофи муассисаҳои таълимӣ-томактабӣ дар Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи беш аз 55 монография, китоби дарсӣ, мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *