Чаҳордаҳ қаҳрамони бокс фиреб хӯрданд

Чаҳордаҳ қаҳрамони мусобиқаи муштзанӣ (бокс)-и касбӣ, ки 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуда буд, то кунун мукофотҳои ваъдагиро нагирифтаанд.

Дар анҷоми мусобиқа сертификати дарёфти 8 миллион сӯм (наздики 1000 доллари ИМА) ба соҳибони медали тило, 4 миллион (наздики 500 доллар) ба дорандагони медали биринҷӣ ва 2 миллион (250 доллар) ба дорандагони медали нуқра тақдим карда буданд.

Аз федератсияи бокси касбии Ӯзбекистон хабар доданд, ки созмони ғайридавлатӣ ҳастанд ва дар суратҳисоби худ чунин маблағеро надоранд.

Масъулони федератсия гуфтанд, сертификатҳои тақдим шуда «коғазҳои одӣ» ҳастанд.

Варзишкорон гуфтанд, танҳо як муштзан — Ренат Регимов маблағи ваъдашударо баъди шикоят ба мақомоти амниятӣ дарёфт кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *