Вазири умури дохилиро иваз карданд

Ерлан Тургумбоев бо фармони президент Нурсултон Назарбоев вазири умури дохилии Қазоқистон таъйин шуд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон, Назарбоев вазири умури дохилии пешини ин кишвар Калмуханбет Қосимовро 12 феврал ёвари президент — котиби Шӯрои амният таъйин кард.

Ерлан Тургумбоеви 57-сола аз соли 2012 муовини вазири умури дохилии Қазоқистон буд. Ӯ тайи чандин сол дар вазифаҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор карда, солҳои 2006-2012 сардори пулиси Алмато буд.

Истеъфои Калмуханбет Қосимовро сокинони Қазоқистон борҳо талаб карда буданд. Даъватҳо ба истеъфои ӯ тобистони соли 2018, пас аз он пурзӯр гаштанд, ки варзишкори маъруфи қазоқ дар натиҷаи ҳамлаи дуздон дар шаҳри Алмато кушта шуд. Фаъолони қазоқ барканории Қосимов ва ислоҳот дар ниҳоди зери раҳбарии ӯро талаб карданд.

Нурсултон Назарбоев моҳи октябри соли гузашта дар паёми худ фаъолияти ВКД Қазоқистонро танқид кард, вале Қосимовро «ботаҷрибатарин корманди пулис» ва «содиқу бовиҷдон» номида, аз мақом барканор накард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *