Чанд мушкили Зерҳавзаи Кофарниҳони поён
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Зерҳавзаи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус аз нозироти андоз беш аз 1 миллиону 440 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш қарзи барқи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз ҷониби Вазорати молияи кишвар пурра пардохт карда шуд.
Фаридун Давлатов, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Зерҳавзаи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки қарз аз нозироти андоз ба 1 миллиону 903 ҳазор сомонӣ расидааст. Ӯ мегӯяд, ки аз ин қарзҳо беш аз 1 миллиону 7 ҳазор сомонӣ дар ноҳияи Қубодиён, зиёда аз 808 ҳазору 500 сомонӣ дар ноҳияи Шаҳритус ва наздики 88 ҳазор сомонӣ аз ноҳияи Носири Хусрав мебошад. Ба таъкиди вай, қарзи барқ бошад, аллакай ба беш аз 1 миллиолну 444 ҳазор сомонӣ расидааст.
“Қарздорӣ аз ҳисоби барқ асосан аз ҳисоби пардохт накардани ҳақи хизмати обрасонӣ аст. Дар се ноҳия баъзе рӯз то 4 ҳазор сомонӣ ҳақи хизмати обрасонӣ ҷамъоварӣ мешавад, ки ин бениҳоят кам аст. Албатта ин дар пардохти андоз, барқ, музди меҳнати кормандон ва дигар корҳои истеҳсолӣ таъсири манфии худро мерасонад. Мутаассифона, роҳбарони ассотсиатсияҳо нисбати вазифаи хеш хунукназарӣ мекунанд”,- афзуд ӯ.
Шодӣ Давлатов, сармуҳосиби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Зерҳавзаи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки “моҳи марти соли равон беш аз 13 миллиону 513 ҳазор сомонӣ қарзи идораи мо аз барқ пардохт шуд. Вале бо вуҷуди ин боз қарздорӣ дар назди шабакаҳои барқ рӯ ба афзоиш аст”.
Фаридун Давлатов мегӯяд, ки ассотсиатсияҳо дар назди идора 12 миллиону 615 ҳазор сомонӣ қарздоранд. “Мутаассифона, шахсони масъул дар ҷамъоварии ҳақи хизмати обрасонӣ хунукназарӣ мекунанд. Дар соли 2023 аз буҷети маҳаллӣ тамоман маблағ ҷудо карда нашудааст. Танҳо аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрии кишвар барои пардохти музди меҳнат маблағ ҷудо мешаваду халос. Дар асоси қарори 374-и Ҳукумати кишвар бояд барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо маблағ ҷудо карда шавад. Аммо ҷудо намешавад”,- афзуд вай.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Зерҳавзаи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус навтаъсис аст. Ин идора дар се ноҳия — Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав фаъолият мекунад. Дар назди идораи мавриди назар 26 ассотсиатсия будааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ