Сӯхтор дар мактаби 71-и ноҳияи Шоҳмансур (видео)

Дар шаҳри Душанбе, дар мактаби №71-и ноҳияи Шоҳмансур, воқеъ дар километри 7-ум, сӯхтор рух додааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин сӯхтор 22-юми июн тахминан соати 22:15 дақиқа сар зада, ҳамон замон барои хомӯш кардани алангаи он 275 нафар оташнишон, 16 мошини оташнишонӣ ва 18 нақлиёти обкаш сафарбар карда шудаанд.

Дар натиҷа, сӯхтор, ки дар масоҳати 1500 метри мураббаъ паҳн шуда буд, пурра хомӯш карда шудааст. Талафоти ҷонӣ нест.

Тибқи санҷишҳо, сабаби сар задани сӯхтор оташ гирифтани кондитсионер будааст, ки дар ошёнаи дуюми муассисаи мазкур, дар толори маҷлисгоҳ насб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *