Саидмурод

Чанд шарти сарватмандшавӣ. Суҳбат бо соҳибкори шинохта Саидмурод Давлатов (видео)

Дар подкасти «Маърифати молиявӣ» соҳибкори шинохтаи тоҷик Саидмурод Давлатов оид ба роҳҳои раҳоӣ аз камбағалӣ, танзими даромаду хароҷот, нигоҳ доштани нафсу чӣ гуна тавоно шудан аз рӯйи таҷрибаи худ суҳбат кард. Фишурдаи суҳбат пешниҳоди хонандагон мегардад.

— Рӯз аз рӯз нархи маҳсулот, хизматрасонӣ гарон мешавад. Мушоҳида мекунем, ки бархе мардум талаботи худро дар зиндагӣ қонеъ карда наметавонанд. Ба назари шумо, чӣ кор кунанд, ки зиндагии шоиста дошта бошанд?

— Имрӯз чанд омил воқеияти зиндагӣ шудааст.

Якум, рӯз аз рӯз зиндагӣ мушкил мешавад. Мисол, агар бо 100 сомонӣ дар соли 2000-ум хостаи дили худро мехаридед, ҳоло чунин нест. Боз 10 сол пас арзиши ҳаёт гаронтар мешавад.

Дуюм, инсон 8 соат кор мекунаду даромад мегирад. Аммо 24 соат хароҷот дорад. Хобед ё бедор, дар хона обу барқ истифода мешавад. Барои хондани фарзандатон маблағ харҷ мекунед. Тасаввур кунед, ки 8 сомонӣ даромад дореду 24 сомонӣ хароҷот.

Сеюм, рӯз аз рӯз шумораи одамони қарздор зиёд мешаванд. Ҷамъият ҳамин гуна идома меёбад. Пас аз 20 сол боз одамони қарзор зиёд мешаванд. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки нисбат ба соли 2000-ум ҳоло теъдоди қарздорон бештаранд. Фарқ надорад, ки беморед ё хоҳиши кор кардан надоред, хароҷот ҳамеша ҷой дорад. Ҳеҷ кас кафолат намедиҳад, ки даромад мегиред, вале кафолати хароҷот ҳаст. Дарку фаҳмиши молиявиро дигар бояд кард.

Чорум, мактабро хатм мекунед, соҳиби диплому касб мешавед. Аз солҳои 70-ум то 2000-ум кафолат буд, ки бори зиндагиро пеш бурда метавонед. Яъне, маълумоти олӣ кафолати пеш бурдани зиндагиро дошт. Аммо ҳоло чунин нест. Бароятон маълумоти олӣ кафолат намедиҳад, ки зиндагии шоистаро созед. Онҳое, ки маълумоти олӣ доранд, зиёданд. Ё муваффақ шуда наметавонанд ё кори арзанда ёфта наметавонанд. Даромаде, ки мегиранд, он чӣ дар зиндагӣ мехоҳанд, амалӣ карда намешавад.

Панҷум, шахсони дорои илму маърифат бештаранд. Аммо, азбаски фаҳмиши молиявӣ камтар доранд, илмашонро дуруст истифода бурда наметавонанд. Дар дунёе, ки мо зиндагӣ мекунем, олим будану ҳунарманд кам, тавонову доно кам, агар ҳамон ҳунарро ба пул табдил додан натавонӣ. Идора кардани пул яке аз касбҳои асосӣ шудааст. Ҳатто, ин ба синну сол ҳам вобаста нест. Аз синни хурдсолӣ аллакай бояд фаҳмиши молиявӣ пайдо карда, ба пул чӣ гуна муносибат карданро омӯзем.

— Дар урфият мегӯянд, ки “сарфаи сари оташдон беҳ аз савдогари Ҳиндустон”. То куҷо сарфакорӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ дар оила муҳим аст?

— Кор кардани пул ҳунар аст. Пасандоз ё нигоҳ доштани пул истеъод аст. Идора кардани пул санъат аст. Аз ҳама санъати мураккаб идора кардани пул аст. Зеро андак хато кардед, ба ботлоқи қарз ғӯтта мезанед. Муфлис мешавед ва заҳмати 20-30-соларо бой медиҳед. Руҳафтодаву ноумед мешавед. Умратон бо ғаму ғурбат мегузарад. Ниҳоят, бо ҳамин худро мешиканед.

— Пас, чӣ бояд кард, ки ба чунин ҳол гирифтор нашуд?

— Фаҳмишро дигар бояд кард. Дар мардуми мо инро фаросат мегӯянд. То фаҳмишу нуқтаи назар дигар нашавад, на пулро кор карда метавонед ва на идораи онро.

— Дар бораи буҷети оила зиёд мегӯянд. Аз кадом ҷиҳат он муҳим аст?

— Агар инсон хондану навиштанро ёд нагирад, дар шароити имрӯз зиндагии дуруст карда наметавонад. Тасаввур кунед, ки фарзанди шумо навиштану хонда натавонад, чӣ қадар ҳаёташ мушкил мегузарад. Илми молиявӣ ҳам чунин аст. Сарфи назар аз он ки духтур ҳастед ё муаллим, муҳандис ё дорои касби дигар, бояд маърифати молиявӣ дошта бошед. Бе илми молиявӣ пеш рафтан хеле мушкил аст. Агар боғбон ё чӯпонед, бояд илми молиявӣ дошта бошед. Ҳар касе бошед, ҳар рӯз маҷбуред, ки бо пул сарукор гиред. Нон мехаред, пули истифодаи барқ месупоред, хароҷоти роҳ доред… Бароятон қобили қабул ҳаст ё не, ин далел аст. Яъне, ба ин одат бояд кунед ва ба нақша гирифтани даромаду хароҷотро танзим намоед.

— Умуман, дар оила чӣ гуна бояд хароҷот кард ва зиндагии шоиста дошт?

Аввал, фикронии худро дигар бояд кард. Агар дар фаҳмиш фақат норасоӣ, яъне бепулӣ, камбағалӣ, мушкили зиндагӣ ва дигар фикрҳои нолозим бошанд, инсон муваффақ намешавад. Ба чунин тоифаи инсонҳо миллион доллар ҳам диҳед, боз дар ҳамон сатҳи пасти зиндагӣ қарор мегиранд. Чунки фундаменти майнаи сар карахту қолабӣ шуда мондааст. Яъне, он чӣ дар майнаи сари одам ҳаст, ҳосил ҳамон мебарояд. Ба дасти дилхоҳ одами камбағал 10 ҳазор доллар ҳам диҳед, фикр мекунед, ки 100 ҳазор доллар мекунад? 99 фоизаш ин корро карда наметавонад. Бинобар ин, инсон бояд аввал зеҳнро дигар кунад. Кор кардани пулро набояд ҳавас кард. Кор кардани пул осон аст. Фаҳмишро дигар кардан душвор аст. Зеро мушкил аст, ки одам худро ислоҳ кунаду дигар шавад. Баъзе одамон дурӯғ мегӯянду фиреб медиҳанд. Инро худашон хуб медонанд. Ҳазор маротиба шунидаанду аз китоб хондаанд, ки дуруғгӯӣ торикии имон аст. Аммо боз ҳамон амалашонро идома медиҳанд. Баъзеҳо бадҷаҳланду забони тунд доранд, сабр надоранд, ғурурашон баланд аст. Бо андак гап оташ мегиранду боз пушаймон мешаванд. Аз таҷриба дидам, ки дигар кардани шахсияти инсон мушкил аст. Зеро, аз соли 2009-ум инҷониб дарсҳои молиявӣ медиҳам, нав мардум қабул кардану гӯш карданро ёд гирифта истодаанд. Имрӯз ҷамъият дигар шуда истодааст ва мо бояд фаҳмиши худро иваз намоем.

Дуюм, гирифтани илми молиявӣ. Вақте ки нуқтаи назар дигар шуд, одам ба илм ҳавас пайдо мекунад. Нақшаи хароҷот тартиб медиҳад ва ба куҷо сарф кардани пулро медонад. Яъне, аввал хароҷоти заруриро рӯйхат мекунад. Зимнан, хароҷот ҳам ду шакл мешавад: аз рӯйи хоҳиш ва зарурӣ. Хатои онҳое, ки қарздор мешаванд, маошро мегиранду ба қисмати аввали хароҷот бештар сарф мекунанд. Вақте ки пули иловагӣ монд, сипас аз пайи хостаҳо шавед.

Сеюм, баъд аз тақсими хароҷот нақшаи даромадро созед. Агар хароҷот дар як моҳ 2 ҳазор сомонӣ бошад, нақшаи даромадро ба 4-5 ҳазор сомонӣ тартиб диҳед. Агар диққат карда, аз паси мақсад равед, ҳамон чиз амалӣ мешавад. Албатта, дар як рӯз не, зина ба зина, сол ба сол иҷро мешавад.

— Чӣ хел ин корҳо амалӣ мешаванд?

— Инсон бояд омӯзад. Дар бозор кадом ҳунарҳо талабот доранду манбаи даромад, омӯзаду талош варзад. Яъне, ҳунару истеъоди ба талаботи имрӯза ҷавобгӯро бояд ёд гирифт. Бе чашму бе по таваллуд шудан — ин тақдиру насиб аст. Аммо беҳунарӣ насиб нест. Ҳунарро наомӯхтан ба тақдир дахл надорад. Сарнавишти ҳар инсон дар дасти худаш аст. Вақте ки дар Русия будам, 6 моҳ мардикорӣ кардам. Фаҳмидам, ки бо ин кор зиндагии худро дигар карда наметавонам. Орзуҳое, ки дорам, амалӣ карда наметавонам. Бинобар ин, аз пайи нақшаву мақсадҳои воқеӣ шудам.

— Аз нигоҳи шумо, кадом категорияи одамон муваффақ шуда метавонанд? 

— Чор гурӯҳи одамон ҳастанд.

Якум, ба он андешаанд, ки пасандози пул зарур нест. Фикр мекунанд, ки ризқро Худованд медиҳаду худ меояд.

Дуюм, мефаҳманд, ки пасандоз кардан даркор аст. Зеро зиндагӣ яксон нест. Гоҳ пастиву гоҳ баландӣ дорад. Аммо, азбаски хароҷот дар зиндагӣ зиёд аст, пасандоз карда наметавонанд. Мисол, як нафар кор мекунаду 5-7 касро мехӯронад. Яъне, даромадро зиёд карда наметавонанд.

Сеюм, пулро ҷамъ мекунанд ва дар муддати кӯтоҳ ҳамаашро харҷ: тӯй мекунанд, мошину либосҳои нав мехаранд, мебели хонаро иваз мекунанд… Боз ҷамъ мекунанду ҳамин гуна харҷ. Ин тафаккури камбағалӣ аст. Дар зиндагиашон андак дигаргунӣ мешавад, аммо мушкили даромад ҳал намешавад.

Чорум, онҳое, ки пулро кор мекунанду саришта карда метавонанд.  Дилашон мекашад, ки мошин гиранд, айшу ишрат кунанд, аммо ҳунари не гуфтаву ба ин иҷозат надоданро доранд. Ҳамон одаме пулдор шуда метавонад, ки ба нафсаш ғалаба кунад. Ҳаваскор набошад. Мушкили одамон дар он аст, ки мехоҳанд аз дигарон беҳтар зиндагӣ кунанду худнамоӣ ва тақлид кунанд. Дар зиндагӣ онҳое муваффақ мешаванд, ки пул кор кардану идора ва мақсаднок истифода карданро метавонанд. Вақте ки пул даромад овард, баъд инсон бояд аз пайи орзуҳояш шаваду дар зиндагӣ хароҷот кунад.

Баъзеҳо бо қарз зиндагии худро пеш мебаранд. Магар ин дуруст аст?

— Ин нодуруст ва фикри хом аст. Ягон вақт бо қарз зиндагӣ накунед. Бо даромади худ зиндагӣ карданро ёд гиред. Ин ниҳоят зарур аст. Шояд бо қарз дар хонаи шумо телевизор, мебелу либосҳои нав пайдо шуданд ё зодрӯзатонро нағз ҷашн гирифтед. Аммо роҳеро, ки шуморо ба сарватмандӣ мебурд, як ё ду сол ақиб кашидед.

— Кӣ хароҷоти оиларо бояд танзим кунад?

— Ин корро бояд падар анҷом диҳад. Аммо хазина бояд ба дасти модар бошад. Ба шарте, ки модар малакаи истифодаи пулро донаду барбодкор набошад.

Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *