Чанд тағйироти кадрӣ, Ҷумазода сабукдӯш шуд

Бо  фармони президенти Тоҷикистон рӯзи 30 июл Икром Ҷумазода аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд сабукдӯш шуд.

Дар шарҳи ин тасмим дар матни фармони президент гуфта мешавад, ки Ҷумазода барои “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад», аз вазифа озод карда шуд. Дар матни шарҳи бештаре дар бораи кирдорҳои Ҷумазода дода намешавад.

Рӯзи душанбе дар суди шаҳри Хуҷанд ҳам тағйирот шуд ва Рафиқҷон Олимзода, ки то имрӯз раиси суди ноҳияи Мастчоҳ буд, ба мақоми раиси суди шаҳри Хуҷанд – маркази вилояти Суғд таъин гардид.

Бо як фармони дигари президет, Файзалӣ Идизода бо сабаби таъин шуданаш ба вазифаи ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, аз мақоми Директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон озод карда шуд.

Дар вазифаи ректори ин донишгоҳ Муродалӣ Маҳмадизода кор мекард, ки ӯ низ аз мақомаш рӯзи 30 июл озод карда шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *