Дар паси фоҷеаи Данғара ДОИШ меистад?

Бино ба гузориши Site Intelligence Group, гуруҳи террористии ДОИШ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) масъулияти куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар ҷануби Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтааст.

Дар изҳороти ДОИШ гуфта мешавад, ки «гуруҳи сарбозони хилофат” дар вилояти Хатлони Тоҷикистон «шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ”-ро пахш карда, сипас бо корд 4 нафари онҳоро кушта, чор тани дигарро захмӣ кардаанд.Созмони Site Intelligence Group, ки фаъолиятҳои созмонҳои террористиву ифротиро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки созмони террористии ДОИШ («Давлати исломӣ”) масъулияти ҳамлаи хунин дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистонро ба дӯши худ гирифтааст. Дар изҳороте, ки ДОИШ рӯзи 30 июл нашр кард, гуфта мешавад, ки «гуруҳи сарбозони хилофат” болои «шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ” бо мошин ва сипас бо корд ҳамла оварда, чор нафари онҳоро куштаанд ва чор нафари дигарро захмӣ кардаанд.ДОИШ дар изҳороташ ба шаҳрвандони кишварҳои масеҳӣ таҳдид кардааст, ки онҳоро дар ҳар куҷои дунё бо чунин шева осеб хоҳанд расонд. Ба ин тартиб, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара нахустин ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар 8 соли охир ва нахустин ҳамлаест, ки масъулияташро ДОИШ ба ӯҳда мегирад. ДОИШ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои дунё мамнӯъ эълон шудааст.

“Ахбор”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *