Чангаки шасти Зоғаков, чанд «моҳӣ» ба он афтид?
Тавре Офоқ Қодириён, подполковники милитсия аз Хатлон хабар додааст,
зимни ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Зоғаков Сангалӣ, шаҳрванди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкурро, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ суд шудааст, ин навбат низ бо ҳамин ҷурм боздошт намуданд.
Зоғаков Сангалӣ муддати зиёд бо кирдорҳои ғайриқонунии худ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз роҳи фиреб бо мақсади даромади муфт ба даст овардан, маблағҳои калони пулии сокинони ноҳияро аз они худ кардааст.
Чунончӣ, ӯ ба боварии шаҳрванд Пиров Умархон даромада, ба маблағи 85 000 сомонӣ асбобҳои барқии гуногунро тариқи нася гирифта, онҳоро фурӯхта маблағи ба дастовардаашро ба манфияти шахсияш истифода мебарад.
Боз Зоғаков С. такроран моҳи сентябри соли 2020 бо сӯистифодаи боварӣ аз Иброҳимов Ҷамолиддин маблағи 50 000 сомониро гирифта, то ҳол бар нагардонидааст.
Номбурда, ҷамъ ба маблағи 135 000 сомонӣ ба шаҳрвандон зарари иқтисодӣ расонидааст.
Нисбати Зоғаков Сангалӣ дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Нафароне, ки ба доми фиреби ин шахси ҷиноятпеша афтодаанд, метавонанд ба ШВКД дар маҳалли зисташон муроҷиат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ