Чаро сарватматмандони Руссия аз вохӯрӣ бо Путин метарсанд?

Шиносоӣ бо президент Путин бинобар таҳдиди таҳримҳои Амрико барои бисёр сарватмандони Русия «дороии заҳролуд»-ро мемонад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 30 нобяр бо ишора ба «нухбагони тиҷоратӣ», ё бизнес-элитаи Русия гузориш дод. Ҳамсӯҳбатҳои хабаргузорӣ гуфтанд, фазои «ҳарос ва нигаронӣ» дар байни соҳибкорони Русия ҳукмрон аст, ки мабодо онҳоро ба рӯйхати сиёҳи Амрико ворид кунанд. «Шуморо метавонанд нафари наздик ба Путин арзёбӣ кунанд — биёву исбот кун ки ин тавр нест. Сарбасар шудан бо ИМА барои дороиҳои худ бисёр мушкил аст»,- гуфтааст як манбаи беном ба Reuters.

Дмитрий Песков, сухангӯи президент Путин, рӯзи панҷшанбе гуфт, Кремл дар бораи соҳибкороне, ки барои таҳримҳои Амрико бо Путин вориди ихтилоф шудаанд ва ҳамчунин дар бораи соҳибкороне, ки гуфтаанд дар сиёсаташ бо Ғарб Кремл манофеи бизнесро сарфи назар мекунад, хабар надорад. Песков гуфт, Кремл бовар дорад, ки эҳтимоли шадид шудани таҳримҳои ИМА, нисбати ҳалқаҳои наздик ба Путин, ба интихоботи президентии соли оянда рабт дорад. Песков ин гуфтаҳоро дар посух ба суолҳои як оҷонсии байналмилалӣ пахш кард, ки номаш эълон нашудааст.

Президенти Амрико Доналд Трамп моҳи августи соли равон тарҳи қонун дар бораи таҳримҳои иловагӣ алайҳи Русияро имзо кард. Моҳи октябр Департаменти давлатӣ рӯйхати шаҳрвандон ва ширкатҳои Русияро тартиб дод, ки қарор аст алайҳи онҳо маҳдудият ҷорӣ шавад. Маълум нест, ки ба рӯйхати сиёҳ киҳо шомил шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *