Оғози фурӯши амволи «Агроинвестбонк»

«Агроинвестбонк» эълом дошт, ки ба фурӯши амволи худ бо нархҳои дастрас шурӯъ мекунад. Автомашина, компютеру таҷҳизоти хазинадорӣ ва дигар амвол ба фурӯш гузошта шудааст.

«ҶСК «Агроинвестбонк» ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳо ва шахсони воқеии ҳавасмандро барои интихоб ва харидорӣ намудани маводҳои зарурӣ, аз қабили автомашинаҳои сабукрав ва боркаш, таҷҳизотҳои компютерии муосири баландсифат, дастгоҳҳои хазинавии замонавӣ даъват менамояд», — омадааст дар эълони бонк.

Аз ҷумла, ба харидорон 17 адад автомашинаи баъди соли 2003 мавриди истифода қароргирифта, наздики 550 адад техникаи компютерӣ ва таҷҳизоти муосири хазинавӣ пешниҳод мегардад.

Гуфта мешавад, хоҳишмандон метавонанд барои маълумот ва дархостҳо ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд: ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-21, Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк». Маълумотҳо дар бораи амволҳои Бонк аз сомонаи agroinvestbank.tj дар шакли ҷадвал қобили дарёфт аст.

Барои дастрасии таҷҳизотҳои компютерӣ бо телефонҳои: (44) 600-57-16, (44) 600-53-27, (44) 600-59-05, 236-51-69 ва автомобилу дастгоҳҳои хазинавӣ: (44) 600-68-68,  (44) 600-53-19, (44) 600-53-13, (44) 600-53-05, 236-62-68, 918-61-17-67 муроҷиат карда метавонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *