Чаро Ҷамшед Абдулло мешавад?
— Баъзе шахсон, ҳатто амалдорон тағо давонда, мехоҳанд аз Кумитаи забон ва истилоҳот иҷозаи номҳои дағали арабӣ гиранд,- гуфт як масъули кумита.
Шарҳи ин номҳо:
Осия — нофармон, осӣ саркаш, кофир;
Соира ё Соҳира — ҷодугар;
Абубакр — падари шутурбараҳна;
Судайс — шашак, фарзанди 6-ум;
Роҳила — саворӣ, мисли аспу шутуру хару мошин…
Баъзе нохалафони арабзада Ҷамшедро ба номи арабии пешазисломии Абдулло (бандаи илоҳ ишора ба бутҳо) иваз мекунанд, ки ин камоли нодонист.
Айб нест? Миллати ориёӣ бо тамаддуни 6-ҳазорсола, номҳои тоҷикона монед, охир!
Саъдӣ МАҲДӢ, забоншинос
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ