Чор сокини Истаравшан ҳукми зиндон гирифтанд

Суди шаҳри Истаравшан дар пайи ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакат бо милисаҳо 4 сокини ин деҳаро аз 2 солу 6 моҳ то 3 сол равонаи зиндон карда, ду нафари дигарро аз 6 моҳ то 1,5 сол шартан аз озодӣ маҳрум намудааст. Дар ин бора наздикони маҳкумшудагон гуфтаанд, вале аз мақомот то ҳол иттилое надодаанд.

Яке аз наздикони маҳкумшудаҳо дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки ”ҳукми суд як моҳ қабл, 7-уми сентябри соли равон содир шудааст”.

Тавре наздикони судшавандаҳо гуфтаанд, бар асоси ҳукми суд Ҷамолиддин Раҳматов 3 сол, Деҳқон Абдусамадов, Бурҳон Турдиев ва Талант Маҳмадқулов 2 солу 6-моҳӣ равонаи зиндон гардидаанд.

Инчунин, додари Ҷамолиддин Раҳматов — Ғайрат Раҳматов бо пардохти ҷарима 1 солу 6 моҳ ва Исфандиёр Урунбоев 6 моҳ шартан аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Суди шаҳри Истаравшан дар пайи ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакат бо милисаҳо 4 сокини ин деҳаро аз 2 солу 6 моҳ то 3 сол равонаи зиндон карда, ду нафари дигарро аз 6 моҳ то 1,5 сол шартан аз озодӣ маҳрум намудааст. Дар ин бора наздикони маҳкумшудагон гуфтаанд, вале аз мақомот то ҳол иттилое надодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *