Чаро Абдуллоеви ҳисориро боздошт карданд?

Бобошариф Абдуллоев, ки то соли 2016 муовини якуми раиси ҳукумати ноҳия ва сипас шаҳри Ҳисор буд, як ҳафта пеш бо иттиҳоми қаллобӣ ва коррупсия дастгир шудааст.

Парвандаи Абдуллоев ба аъмоли давраи роҳбариаш рабт дорад ва тафтиши ин парвандаро Прокуратураи генералии  Тоҷикистон пеш мебарад.

Абдуллоев ба қаллобӣ ва гирифтани пора, аз ҷумла гирифтани 4500 доллар аз як даъвогар айбдор мешавад. Парвандаи ӯ ба аъмоли даврони дар вазифаи муовини якуми раиси Ҳисор кор карданаш рабт доштааст.

Бобошариф Абдуллоев дар замони раиси Ҳисор будани Усмон Сабзов муовини якуми ӯ буд. Фаъолияти Абдуллоев дар ин мақом ба солҳое рост меояд, ки ҷашни 3000-солагии Ҳисор ботантана таҷлил шуд ва Ҳисор расман мақоми шаҳрро ба даст овард.

Дар пешорӯи ҷашни 3000-солагии Ҳисор, ки соли 2015 таҷлил шуд, дар инҷо як силсила иншооти бузурги ҷашнӣ, аз ҷумла варзишгоҳи муосир, чойхонаи ҳоло машҳури «Харбуза”, чанд мактаби муосир, корхонаи металлургиву чанд корхонаву коргоҳи дӯзандагӣ, ҳамчунин чанд маҳаллаи биноҳои баландқабатаи истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуда буд.

Як бахши парвандаи Бобошариф Абдуллоев ба тарзи истифодаи маблағҳои барои ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҷудошуда рабт дорад ва бахши дигараш ба шикоятҳои корафтодагоне, ки дар замони сари мансаб будани Абдуллоев дар ивази пул аз ӯ ваъдаи ҷудо кардани қитъаҳои замин ё саҳм дар бунёди иншооти ҷашнӣ гирифта буданд, вале Абдуллоев дар ниҳоят ба ваъдаи худ амал накардааст.

Моҳи январи соли ҷорӣ кормандони шуъбаи Агентии мубориза бо коррупсия дар Турсунзода, ки умури ноҳияҳои водии Ҳисорро дар даст дорад, Ҷамшед Ӯроқов, раиси ҷамоати шаҳри Ҳисорро дастгир карда буданд. Ҷамшед Ӯроқов ба қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тамаъҷӯӣ айбдор мешуд.

Боздошти Ҷамшед Ӯроқов бар асоси даъвои маҳз Бобошариф Абдуллоев, собиқ муовини якуми раиси Ҳисор сурат гирифтааст. Ӯ ба Агентии мубориза бо коррупсия шикоят карда буд, ки Ӯроқов аз вай барои ҷудо кардани як қитъа замин дар наздикии чойхонаи машҳури «Харбуза” 11 ҳазор доллар талаб дорад.

Ҷамшед Ӯроқов намояндаи хонаводаи дар ин минтақа пурнуфузи Ӯроқовҳост. Бародари ӯ Бекмурод Ӯроқов қаблан чандин сол вазири ғаллаи Тоҷикистон буд.

Бобошариф Абдуллоев зода ва сокини деҳаи Қалъаи Ҳисор мебошад ва аз ашхоси бонуфуз дар минтақаи Ҳисор ба шумор мерафт.

Дар соли 2016, вақте Усмон Сабзов аз мақоми раиси Ҳисор рафт, раиси нав Шарифҷон Ҷумъазода бисёре аз муовинони Сабзов, аз ҷумла Бобошариф Абдуллоевро барканор кард. Баъди барканориаш аз мақоми муовини якуми раиси Ҳисор Бобошариф Абдуллоев дигар ягон мансаби расмӣ надошт ва ба соҳибкорӣ машғул буд.

(Ахбор)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *