Таҷовузкор дар синфи 7 мехонад?

Аз руи маълумоти сокинон,  хонандаи синфи як дар деҳаи Кончии Ҳисор мавриди таҷовуз ба номус қарор гирифтааст.

 Дар ин ҷиноят як наврасро, ки дар синфи 7 таҳсил мекунад, гумонбар медонанд. Ин ҳодиса рӯзи 14 июн, як рӯз қабл аз иди Рамазон сурат гирифта, духтарча ҳоло дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад. Сокинон мегӯянд, модари ин духтар аз шавҳараш ҷудо шуда, аз ҳисоби фурӯши меваву сабзавот дар бозори шаҳри Ҳисор зиндагиашро пеш мебурд. Рӯзи 14 июн, ки арафаи ид ва дар бозор рӯзи авҷи савдо буд, ин зан духтарашро дар хона танҳо гузошта, ба бозор рафтааст. Бегоҳ вақте ки ба хона бармегардад, духтарашро дар оғилхона дар ҳолати мадҳушӣ пайдо кардааст.Вақте духтарро ба бемористон бурдаанд, табибон гуфтаанд, ки касе ба номуси ӯ расидааст. Дар ин ҷинояти мудҳиш як сокини навраси деҳаи Кончиро гумонбар медонанд. Духтар дар синфи якуми мактаби миёнаи рақами 145 ва писар дар литсейи президентӣ, ки тақрибан дар 500-метрии мактаби миёнаи Кончӣ ҷойгир шудааст, таҳсил мекунанд.Ба гуфтаи сокинон, ин наврас духтари хурдсолро дар хонаашон танҳо дида, ӯро ба ҷои хилват – оғилхона бурда, маҷбуран ба номусаш таҷовуз кардааст.

(Ахбор)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *