Чаро Бекмуродро дар Русия сенома карданд?
Суди ноҳияи Спитамен Сатимов Бекмурод Дилмуродович (соли таваллудаш 28 январи 1983 зодаи ноҳияи Спитамен)-ро бо моддаи 178 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Ин аст ҳаёти як ҷавонмарди зиёӣ, ки дар оилаи зиёӣ ба дунёӣ омада, замони мактабхонӣ ифтихори мактаб ва дар оила фахри модару падар буд. Вале имрӯз дониши пасти динӣ ва зудбовариаш ӯро ба муддати 8 сол паси панҷара кашонд.
Аслан ин ҷавони раҳгумзада тахмин моҳи апрели соли 2013 ҳангоми дар шаҳри Новосибирски ФР қарор доштан дар масҷиди “Красина” бо воситаи додараш-Сатимов Шӯҳрат Дилмуродович (бо моддаи 401 иловаи 1 дар кофтуков қарор дорад) бо аъзоёни иттиҳоди ҷиноятпешаи террористӣ ва экстремистии “Ҳизби Исмоилии Туркистон” бо Юсупов Ҷавлон ва дигарон шиносоӣ пайдо намудааст…
Сипас моҳи июни соди 2014 бо роҳи “Байъат” додан ба иттиҳоди ҷамъиятии “Ҳизби Исломии Туркистон”, ки мақсадаш тағир додани сохти Конститутсионии давлатиҳои демократӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва барпо кардани давлати исломӣ мебошад аъзо гардида, тахаллуси “Довуд”-ро гирифтааст. Илова бар ин аз ҷониби роҳбари ҷузъу томи таркибии иттиҳоди мазкур дар шаҳри Новосибирски ФР бо номи “Абдулло” барои бо роҳи ташфиқу тарғиб зиёд кардани аъзоёни иттиҳод ва ҷамъ кардани аъзоҳаққӣ вазифадор шудааст. Соли 2014 ба маблағи 5000 рубли ФР аъзоҳақӣ супурдааст…
Идомаро дар шумораи баъдии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ