Чаро Хуҷандизан телевизионро ба суд дод?

Сокини шаҳри Хуҷанд, Гулнора Аминова  телевизиони “Танин”-ро ба суд дод. Зан даъво дорад, ки телевизиони  мазкур дар як намоиши худ ба шавҳари собиқи ӯ-Қурбон Алиев минбар  дод ва ин мард дар ҳаққи ӯ гӯё суханони шаъну шарафашро резонанда гуфтааст.  Даъвогар барои ба туфайли ин намоиш паст “шудан”-и шаъну шарафаш 800 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб кардааст. Айни ҳол  додгоҳ нисбати телевизиоини “Танин” бо иттиҳоми “ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ”, парвандаи маъмурӣ боз кардааст.

 Дар барнома номи зан баён нашуда буд, аммо…

Сокини шаҳри Хуҷанд дар шикояти худ ба додгоҳ навиштааст, ки ва ӯ бо алфози бад шаъну шарафи ӯро паст зад.  Аминова гуфт, ӯ аз додгоҳ дархост дорад аз таҳиягари ин намоиш Парвина Аҳророва ва масъулони пахши он дар телевизиони “Танин”, ҳамчунин шавҳари собиқаш дар маҷмӯъ-800 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ бирӯянад. Гулнора Аминова даъво дорад, ки телевизиоини “Танин” шаъну шарафи ӯро паст задааст ва миёни сокинон ӯро «беобрӯ» кардааст.

Идомаро дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

 

                                                                                                                                          Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *