Чаро чунин аст?
Нархи об баланд шуд, сабабгор-қубурҳои фарсудаю нархи таҷҳизоти обрасон. Нархи орд баланд шуд, воридоташ кам шудааст. Нархи сабзавот баланд шуд, баҳор асту захираҳо тамом шуда истодаанд. Нархи интернет баланд мешавад, “тамошои филмҳо ба мардум зарар дорад”. Нархи гуфтугӯи телефонӣ қимат мешавад, хизматрасонию андоз баланд шудааст.
Оё боре шунидаед, ки дар кишвари мо нархи ягон чиз ба хотири он, ки қобилияти харидории мардум паст аст, кам шуда бошад? Ман шунидаам.
Нархи гази моеъ баъд аз он, ки Ҳукумат онро “зери назорат” гирифт ва ҳатто дар ин бора фармон ҳам шуд, аз 4 сомонию чанд дирам то ба 3 сомонию 20 дирам поин омад. Аммо пас аз ҳамагӣ як-якуним моҳ боз ҳама чиз ба “асли хеш бозгашт”. Ҳоло он аз чор сомонӣ ҳам убур карда, гумон меравад, ки ба 5 сомонӣ расад. Барои ин ҳатман сабаб ёфт мешавад. Нархи барқ бо вуҷуди он, ки мо даъвои пешсафӣ дар истеҳсоли онро дорем, боз ҳам баланд шуд ва ин ба гуфти коршиносон ниҳоӣ нест.
Барои ин ҳам сабаб ёфтан мумкин ва гунаҳгор созмонҳои иқтисодии байналмилалӣ мебошанд,ки ин пешниҳодро карданду мо чун вассали онҳо “хуб шудааст” гуфтем. Нархи об баланд шуд, сабабгор-қубурҳои фарсудаю нархи таҷҳизоти обрасон. Нархи орд баланд шуд, воридоташ кам шудааст. Нархи сабзавот баланд шуд, баҳор асту захираҳо тамом шуда истодаанд. Нархи интернет баланд мешавад, “тамошои филмҳо ба мардум зарар дорад”. Нархи гуфтугӯи телефонӣ қимат мешавад, хизматрасонию андоз баланд шудааст.
Нархи…Хулоса, нархи ҳама чиз баланд мешаваду фақат нархи як чиз бетағйир мемонад. Ин ҳам бошад, нархи ваъдаҳои масъулин дар мавриди беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум бо он маоши ночизе, ки мегиранд. Нархи чунин ваъдаҳоро имрӯз баъзеҳо ба як пули пучак баробар кардаанд. Зеро гуфтан ҳасту кардан нест ва мисли он,ки мо дар маконе зиндагӣ мекунем,ки дидан ҳасту хӯрдан нест. Пешвои миллат ҳамарӯза таъкид менамоянд,ки масъулон бояд ташаббускор бошанд, ғами халқро хуранд, аз рӯи адолат амал кунанд, аммо… Хоса ин чиз ба онҳое,ки имрӯз иқтисодиёти кишварро идора мекунанд, дахл дорад. Шояд тавре Президент мегӯянд, масъулоне,ки ба таври куҳна мехоҳанд иқтисодиёту иҷтимоиётро идора кунанд, ҳамаи корро ба дасти ҷавонон супоранду худашон бо ҳамсолонашон “сари як пиёла чой”шинанд? Ин хизмати охирини онҳо ба миллат мебуд…
Абдумудассир АҲМАДЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ