Тиллои Ҳамдам Бурҳонов аз Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҳамдам Бурҳонови 17- сола бори аввал дар чунин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ширкат намуд ва сазовори ду медал — яке тиллову дигаре биринҷӣ гардид.

Чанде пеш варзишгарони навраси тоҷик  аз мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намудҳои варзиши ҷиу-ҷитсу ва грепплинг, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, бо медалҳои тиллову биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.  Ҳамдам Бурҳонови 17- сола бори аввал дар чунин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ширкат намуд ва сазовори ду медал — яке тиллову дигаре биринҷӣ гардид.

Ҳамдам Бурҳонов, хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 87-и шаҳри Душанбе мебошад.  Ҳамдам дар вақтҳои холигияш  бештар ба варзиш   машғул аст.  Дар мавриди таассуроти ин варзишгари ҷавон аз мусобиқаи байналмилалӣ ва нақшаҳои минбаъдааш бо ӯ суҳбати кўтоҳ (битс-интервю) намудем.

-Дастоварде, ки дар ин сол насибатон гашт, фазои варзиши Тоҷикистонро рангин сохт. Таассуроти худро аз ин мусобиқа бигӯед…

-Барои ман ин як дастоварди хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ифтихор мекунам, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ ғолибият ба даст овардам ва байрақи Тоҷикистони азизамро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштам.
-Киҳо дар ҷодаи варзиш дастгиратон шуданд ва мураббии шумо кист?
-Аз  даҳсолагиам ба варзиш машғулам. Устоди нахустини ман дар ҷодаи варзиш Муҳиддин Ҳотамов мебошад. Эшон чашми маро дар дунёи варзиши тэквандо  боз ва аз асрори он маро бохабар намуданд.  Таҳти сарпарастии эшон ман дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 20  ҷоиза гаштам. Сипас ба дигар намуди варзиш ҷиу-ҷитсу ва грепплинг гузаштам ва дар ин намуди варзиш устоди ман Комил Боймуродов мебошад.
-Варзишгарон мудом дасту бозуяшон хорида меистад. Ҳолате буд, ки ҳамсинф ва ё роҳгузаронро бо шӯхӣ “нокаут” карда бошед?
-Не, ҳаргиз ин тавр набуд ва нахоҳад шуд. Ман қувваи дасти худро танҳо дар майдони варзиш нишон медиҳам.

-Дар муҳити оилаи шумо касе ба варзиш машғул аст?
— Бародарам Ҳамроз таэквандо машқ мекунад.

Ато Ҳамдам нависанда ва журналисти маъруф, ки ба Ҳамдам Бурҳонов бобо мебошад, изҳори хурсандӣ кард:

-Ман аз муваффақияти набераам хеле хурсандам, ҳама  вақт ба ӯ боварӣ доштам, рўзе дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, варзиши тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Ҳамдамҷон ба мақсади хеш ноил гашт, орзуи худро ҷомаи амал пӯшонд,. Дуо мекунам, ки дар дигар мусобиқаҳои дунё ширкат варзида, номи ватани худро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорад.”

-Ғолибияти Ҳамдам ифтихори ман аст.  Ба чашми сар бовар намекардам, ки фарзанди ман бори нахуст дар чунин мусобиқаи бонуфуз иштирок карда, соҳиби медалҳо ва Парчамбардори кишвари азизам гашт. Ман он лаҳзаҳо фақат ашк мерехтам, ашки шодӣ ва ифтихор”,- мегӯяд модари Ҳамдам Меҳрангез.

Ҳамдам ҳанӯз ҷавон асту дар ҷодаи варзиши бузург қадамҳои худро устувор гузошта, бо азму иродаи қавӣ гом мегузорад.


МУМТОЗ,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *