Чаро донишҷӯёни тоҷик Донишгоҳи давлатии Беларусро интихоб мекунанд?

Шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси шартномаи пулакӣ қабул карда мешаванд: шарт нест, ки онҳо дар маркази  тестӣ имтиҳон супоранд.

Тоҷикистон

Имрӯз дар ДДБ зиёда аз 2,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз 50 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Донишҷӯён аз Хитой, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо  барои гирифтани маълумоти олӣ муассисаи олии беҳтарини Беларусро интихоб намуданд, зеро дар ин донишгоҳ  сифати таълим ва интихоби ихтисосҳо, базаи моддию техникӣ беҳтарин буда,  нисбат ба  дигар макотиби олӣ бартариҳо дорад.

Ректори ДДБ академики Академияи илмии миллии Ҷумҳурии Беларус  Сергей Владимирович Абламейко таъкид менамояд: «Донишгоҳи давлатии Беларус дар садри феҳристи Вазорати маорифи   Ҷумҳурии Беларус  қарор дорад.  Мақоми аввалини ДДБ-ро натанҳо дар Беларус, балки дар хориҷи кишвар  низ эътироф намудаанд. Тибқи феҳристи моҳи декабри соли 2013 ба табърасондаи агентии «Интерфакс»  Донишгоҳи давлатии Беларус воқеан ба сегонаи макотиби олии беҳтарини кишварҳои ИДМ, Гурҷистон, Латвия, Литва ва Эстония мансуб дониста шуда, пас аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М. Ломоносов  ва пеш аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербург дуюмин мебошад. ДДБ ба  сафи муассисаҳои таълимии олимақоми  ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, ки дар ин бора маълумоти агентиҳои шинохтаи  рейтингии байналмилалӣ  (Webometrics, Times Higher Edicatsion)  гувоҳӣ медиҳанд. Мутобиқи феҳристи агентии QS-b –и Британия ДДБ бори  нахуст мавқеи 354-умро ишғол карда, дарҳол ба 76 зина боло баромадааст. Мақоми баландтарини ДДБ дар рейтингҳои байналмилалӣ ин натиҷаи фаъолияти бисёрсолаи  устодону омӯзгорон дар ҳамаи бахшҳои кори донишгоҳ ва бароҳмонии робитаҳои васеи байналмилалӣ мебошад».

Имконоти беҳтарин

ДДБ се сол пайи ҳам  аст, ки ба ҷумлаи 5 донишгоҳи беҳтарини  ҷаҳон шинохта мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ торафт бештар дар асоси шартномаи пулакӣ ба макотиби олии Беларус дохил мешаванд. Бинобар  рушди робитаҳои берунаи иқтисодӣ забони русӣ имрӯз дар байни ҷавонони хориҷӣ шӯҳрат пайдо кардааст. Онҳое, ки мактаби олиро дар хориҷа хатм намудаанд, дар ватанашон имконоти васеътари корёбӣ доранд.

Баҳри интихоби таълим дар ДДБ  чунин омилҳо таъсир мерасонанд:

-имконоти баланди маълумотгирӣ, сифат ва дастрасии маълумоти Беларус;

— номгӯйи васеи тахассусҳо ва омилҳое, ки аз рӯйи онҳо омодасозии мутахассисон (130)  ва беш аз 70 тахассус дар магистратура сурат мегирад;

— вуҷуд надоштани  тазъиқ (дискриминатсия) дар гирифтани маълумот; шароити мусоиди будубош дар кишвари мо;

— нархи камтарин барои таҳсил назар ба  кишварҳои Аврупои Ғарбӣ;

— дараҷаи баланди таълими таҷрибавӣ-тахминӣ аз рӯйи як қатор ихтисосҳо;

— дипломи намунаи байналмилалӣ.

Чӣ бояд кард? 

Чӣ боз ҷавонони хориҷиро ба ғайр аз  таҳсили босифат ва димломи намунавӣ ба Донишгоҳи давлатии Беларус  ҷалб менамояд? Пеш аз ҳама, шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон  метавонанд натанҳо дар асоси умумӣ ба ДДБ дохил шаванд. Онҳо аз соли 2012 сар карда,  имконоти иловагии таҳсил дар ДДБ-ро дар асоси шартҳои барои шаҳрвандони хориҷӣ муқарраршуда доранд.

Сардори шуъбаи кор бо шаҳрвандони хориҷӣ ва маркетинги байналмилалии ДДБ Жанна Савелева пешниҳод кардааст: «Шароити қабул дар асоси  шартҳои пулакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ содда карда шудаанд. Санҷишҳои дохилшавӣ дар шакли суҳбат аз забони русӣ  ё дар шакли  санҷишҳои ҷамъбастӣ пас аз хатми шуъбаҳои (курсҳои) тайёрӣ  сурат мегирад (ҳуҷҷатҳо барои омодасозии даъватномаҳо  ба таҳсил). Шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳанд забони русӣ ва фанҳои умумитаълимиро  доир ба ихтисоси  ояндаашон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ омӯзанд, метавонанд дар факултети таҳсили тодонишгоҳӣ   омодагӣ бубинанд. Қабул ба гурӯҳҳои забони русӣ ҳар моҳ роҳандозӣ мешавад. Омӯзишро бомуваффақият анҷом дода, шаҳодатномаи давлатиро гирифта, шунавандаи шуъбаи тайёрӣ ба ДДБ бидуни суҳбат қабул карда мешавад. Ҳарчанд ки таҳсил дар донишгоҳ 1 сентябр оғоз мешавад, ҳуҷҷатҳо то 15-уми октябр қабул карда мешаванд. Хеле муҳим аст, ки ба донишҷӯён хобгоҳҳои шароити зисташон аъло бо нархҳои дастрас -50-60 доллар дар як моҳ вобаста бо мавсими гармидиҳӣ пешниҳод карда мешавад.

Ихтисос ва маблағи омӯзиш

Чун анъана донишҷӯёни хориҷӣ ба факултетҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, филология, иқтисодӣ, география ва донишкадаи журналистика таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Солҳои охир таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишварҳои Балтика – Эстония, Латвия ва Литва ба омӯзиши  IT-технологияҳо, ҳатто ба шуъбаи ғоибонаи ДДБ зиёд шудааст, зеро ба андешаи онҳо тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дар Беларус хеле босифат ба роҳ монда  шудааст.

«Арзиши таҳсил дар ДДБ барои донишҷӯёни хориҷӣ аз интихоби факултет вобаста буда, ба ҳисоби миёна аз 3 ҳазор доллар  аст, — таъкид менамояд  Жанна Савелева. – Факултетҳое ҳастанд, ки таҳсил дар онҳо 2000 ва аз он ҳам поёнтар доллар муайян шудааст. Дар шуъбаи ғоибона бошад, 1900 доллар аст».

Ҳамчунин, барои баъзе шаҳрвандони хориҷӣ маблағи таҳсили камтарин пешбинӣ гаштааст. Инҳо довталабоне ҳастанд, ки онҳоро ширкатҳои ҳамкори ДДБ ба ин донишгоҳ ҷалб намуда, аз онҳо 20% камтар маблағ мегиранд. http://ums.bsu.by/images/NINA/pdf/Fee_RF.pdf

ДДБ барои шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон  ва Арманистон  коэффисиенти интегратсионии кам кардани    маблағи таҳсилро вобаста ба тахассус аз 5 то 15% муқаррар намудааст.  Илова бар ин,  ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои иттилоот оид ба ДДБ дар намоишгоҳҳои таълимӣ    муроҷиат намуда, ғуфраи ДДБ-ро тамошо кардаанд, маблағи соли аввалини  таҳсилашон  камтар карда мешавад. Дар натиҷа метавонанд ба донишҷӯён маблағи дастраси таҳсилро дар шуъбаи ғоибона пешниҳод кунанд. Ва ба донишҷӯёне, ки «аъло» мехонанд, ҳавасмандии ҷолиб манзур карда мешавад: кам кардани маблағи таҳсил то 60%. Аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои порсола чунин донишҷӯён  8 нафар ва ин сол 11 нафар мебошанд.

Тайёрии тодонишгоҳӣ

Тавре декани  факултети таҳсили тайёрии тодонишгоҳӣ Вячеслав Михайлович Молофеев иттилоъ дод, шуъбаи тайёрии ДДБ барои шаҳрвандони хориҷӣ  соли 1961 кушода шуда, то имрӯз дар он зиёда аз 11 ҳазор шунавандаи 120 мамлакати ҷаҳон таҳсил намудаанд.  Имрӯз дар факултет ду шуъбаи тайёрӣ барои шаҳрвандони хориҷаи дур ва барои шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, курсҳои забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ ва мактаби тобистонаи забони русӣ фаъолият дорад. Нақшаи таълимии шуъбаҳои тайёрӣ аз рӯйи принсипи моделӣ тартиб дода шуда, омодагии забони русиро дар ҳаҷми аз 550 то 850 соати академикӣ ва ду ё се фанни профилӣ дар ҳаҷми аз 350 то 650 соати академикӣ дар бар мегирад. Вобаста ба дараҷаи тайёрии худ  шунаванда метавонад барномаи зарурии тайёриро интихоб намояд. Таълим дар курсҳои забони русӣ, инчунин, аз рӯйи принсипи модули ҳаҷми умумиаш 720 соати академикӣ тартиб дода шудааст.  Тайёриро дар курсҳои   забони русӣ он шунавандагоне мегузаранд, ки нияти идомаи таълим дар магистратура ё аспирантураро доранд.  Гурӯҳи академикӣ аз 5 то 12 шунаванда иборат аст. Ҳар як гурӯҳи академикӣ аз ҳисоби омӯзгорон куратори худро дорад. Бо мақсади мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии шунавандагони хориҷӣ дар факултет доираи васеи чорабиниҳои лингвистӣ-кишваршиносӣ ва экскурсияҳои таълимӣ-шиносшавӣ доир карда мешаванд, ки барои беҳтару хубтар  ошно шудан бо таъриху фарҳанг ва ҳаёти ҷумҳурии мо мусоидат менамоянд.

Дурнамо

Хатмкардагони Донишгоҳи  давлатии Беларус дар 120 кишвари  дунё кор мекунанд. Аксар мутахассисони хитойӣ, ки дипломи ДДБ-ро соҳиб шудаанд, ҳоло дар вазифаҳои роҳбарии ширкатҳои Беларусу Чин, аз ҷумла намояндагии ZTE, боғи индустриалии хитойӣ- беларусии «Санги бузург» фаъолият доранд. «Баъзан ба донишгоҳи мо дар  ҳайати оила барои таҳсил меоянд, — иброз намуд Жанна Савелева. – Масалан,  се бародар аз Туркманистон, чанд ҷуфти оила аз Чин ва Эрон таҳсил карданд. Чанде пеш 8 нафар аз  Эквадор ба ДДБ дохил шуданд. Имсол низ 8 нафар омаданд. Яъне, иттилоъ хуб кор  мекунад! Хеле шодем, ки дар бораи мо донишҷӯёни Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон бисёр медонанд. Онҳоро тахассусҳои  геодезия, картография, технологияҳои геоиттилоотӣ ва иттилоотӣ ба худ мекашанд». http://ums.bsu.by/ru/ia2014/edu-ru/master-edu-ru

Маълумот — http://ru.sputnik-tj.com/education/20150619/1015768871.html

Таҳияи Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *