Чаро ду кӯдак дар боғча фавтиданд?
Соли 2022 дар вилояти Суғд ду нафар кӯдак дар муассисаи томактабӣ фавтиданд. Марги ду кӯдаки 2,5-сола сарусадоҳои зиёдро дар байни аҳолӣ ба вуҷуд овард. Журналистон дар нишасти матуботӣ аз сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода оид ба ин ҳодисаҳо пурсон шуданд.
Ҳодисаи нохуши марги кӯдак дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Ҳардуи кӯдаки фавтида синни якхела дошта, аз ҷониби прокуратура то ҳол санҷиш идома дорад.
“Ин фоҷеа дар кӯдакистони рақами 11-и ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар яке аз муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд рух додааст. Ҳоло санҷиш идома дорад ва кӯдакон худ беморӣ низ доштаанд”,- иброз намуд Мадина Набизода — сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд.
Бино ба маълумотҳои пешниҳодгардида, роҳбарияти кӯдакистони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз вазифа сабукдӯш ва барои пешгирии ин фоҷеа ба мудирони муассисаҳои томактабӣ супоришҳои қатъӣ дода шудааст.
Бино ба маълумотҳои оморӣ, дар вилояти Суғд 278 адад боғчаҳо фаъолият доранд, ки дар онҳо наздики 45 ҳазор нафар кӯдак тарбия гирифта, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабии вилоят 15,7 фисадро ташкил медиҳад.
Фаррух УСМОНОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ