Чаро гирифторони бемории зардпарвин зиёд мешавад?

    

  Дар пайи сардиҳои охири моҳи ноябри соли ҷорӣ дар вилояти Суғд, ба хусус дар шаҳри Хуҷанд  гирифторшавии кӯдакон ба бемории зардпарвини намуди «А» бештар гардидааст. Аз рӯи таҳлили масъулини идораи эпидемиологии ин шаҳр назар ба моҳи ноябри соли 2015 дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ин беморӣ байни кӯдакон тақрибан ду маротиба бештар ба қайд гирифта шудааст.

      Яке аз сабабҳои асосии афзоиши ин беморӣ агар сардии ҳаво унвон карда шавад, сабаби дигарро масъулин ба хурӯҷи вирусҳои барангезанда вобаста мекунанд. Беэҳтиётии худи кӯдакон ва беаҳамиятии волидони онҳо метавонад сабаби афзоиши ин намуди беморӣ гардад мегӯяд масъулин идораи эпидемиологии шаҳри Хуҷанд.

 

                                                                                                    Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *