Вазорати молия хато кардааст

 

Вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри гузориши ҷадид эътироф кардааст, ки зимни таҳлили қаблии фаъолияти ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” дар давраи солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 ба хатоиҳо роҳ додааст.

Ин ниҳод, ки қаблан шеваи фаъолияти ТАЛКО-ро зараровар хонду ширкатро дар пинҳон кардани даромадҳо муттаҳам намуд, дар гузориши ҷадидаш изҳор доштааст, ки хато кардааст. Вазорати молия иттилои нодуруст дар бораи фаъолияти ТАЛКО-ро ба иштибоҳи техникӣ ва омилҳои инсонӣ рабт додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *