Чаро Гулбиддини Ҳикматёр бо Тоҷикистон ҷанг эълон кард?

Гулбиддини Ҳикматёр изҳор дошт, ки ҳоло «Афғонистон маҷбур аст ба мухолифони тоҷик паноҳандагӣ диҳад»…

Гулбиддини Ҳикматёр, нахуствазири пешин ва муассиси Ҳизби исломии Афғонистон гуфт, Тоҷикистон «бо додани паноҳгоҳ ба мухолифони афғон, алайҳи Афғонистон ҷанг эълон кард».

“Шумо,ки дар сарзаминатон мухолифини мусаллаҳи афғонгро пинҳон медоред, оё медонед кӣ ин чӣ маънӣ дорад? Ин бо ҳар роҳу васила эълон кардани ҷанг бар зидди  Афғонистон (бар зидди режими “Толибон”) аст ”,- мегӯяд ӯ.

Аз рӯи гуфтаи ӯ, ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин васила ба мухолифини кишвари ҳамсоя, кумак менамояд.

Муроҷиати Ҳикматёр рӯзи 8 май дар шабакаи Ютуб «BARYA TV» нашр шуд. «Оё шумо, ки мухолифони мусаллаҳи афғонро дар кишвари шумо паноҳ мебаред, медонед, ки ин чӣ маъно дорад? Ин ба ҷуз эълони ҷанг алайҳи Афғонистон (бар зидди режими Толибон – ред.) чизи дигаре нест”, — гуфт ӯ. Ба гуфтаи ӯ, ҷумҳурӣ ба ин васила ба мухолифони мусаллаҳи кишвари ҳамсоя кумак мекунад.

 «Онҳо дар ихтиёри худ базаҳое доранд, ки дар он ҷо таълим ва мусаллаҳ мешаванд. Мутаассифона, Душанбе бо як андоза беадабӣ эълон мекунад, ки аз онҳо (мухолифин – ред.) пуштибонӣ мекунад ва мехоҳад, ки дастикам 40 дарсади курсиҳои ҳукуматро соҳиб шаванд. Албатта, ин ба маънои эълони ҷанг алайҳи Афғонистон аст”, — гуфт Ҳикматёр.

Ҳикматёр, ки замоне худ гуреза буду дар Тоҷикистон паноҳанда, магар фаромӯш кардааст, ки ин давлат ҳич вақт нияти барқасдонаеро ҷонибдорӣ наменамояд. Ӯ роҳат дар Душанбе буду аз имконоте ки барояш фароҳам оварда шуда буд хуб истифода мекард.

Имрӯз ба ин ҷаноб чӣ шуда, ки ҷои он ки аз Тоҷикистон ва мавқеи он ҷонибдорӣ намояд, дидаву дониста ба сӯи он кину адоватро пуштибонӣ дорад. Кас дар ҳайрат мемонад,ки чинин ҳам мешудааст, ки “намак хӯрда, намакдонро мешикастананд…” Дареғо, ки ба ҳар кас нон додем душманамон шуд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *