Бунгоҳ ва марказҳои саломатии таъмирталаб дар Хатлон (аудио)

Феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 48 бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар ҷойҳои номувофиқ буда, садамавию таъмирталаб мебошанд. Муассисаҳои тандурустии таъмирталаб дар ноҳияи Вахш ва Муъминобод бештар будааст.

Ҷурабой Саидов, муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар ноҳияи Вахш 13 адад ва дар ноҳияи Муъминобод шаш бунгоҳу марказҳои саломатӣ таъмирталабу садамаӣ мебошанд. Ӯ афзуд, мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд бунгоҳҳои тиббие, ки дар иншоот ва биноҳои номутобиқ ҷойгиранд: “Марҳила ба марҳила шумораи чунин муассисаҳо кам карда шуд. Дар чор моҳи соли равон 16 муассисаи тиббӣ аз таъмир бароварда шуд. Ҳоло дар 9 адад бунгоҳи тиббӣ ва се маркази саломатӣ корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар оянда мушкили фарсудагии биноҳои соҳаи тандурустӣ бартараф карда мешавад”.

Ҷурабой Саидов мегӯяд, ки мутаассифона, ҳоло дар вилояти Хатлон 26 бунгоҳи тиббии таъмирталаб, 11 адад дар хонаҳои шахсӣ, 1 адад дар вагон ва 12 бунгоҳи тиббӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷойгиранд.

Тафсилоти бештар дар рӯзномаи “Тоҷикистон” нашр хоҳад шуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *