Чаро корти ройгон дар Душанбе фарогир нест?
Давоми чанд рӯз аст, ки дар шаҳри Душанбе тақсими кортҳои ройгони нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст. Мусофироне, ки корт надоранд, ба нақлиёти ҷамъиятӣ роҳ дода намешаванд. Аммо аз замони роҳандозии пардохти электронии City Card дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳудуди панҷ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, сокинон мегӯянд, ки то ҳол он танзим нашудааст. Истифодабарандагон мегӯянд, ки низоми City Card беҳбудӣ мехоҳад.
Хизматрасонии беҳтар ё мушкили мусофирон?
Мақсад аз роҳандозии низоми пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе, пеш аз ҳама беҳтар кардани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, сарфаи вақт ва аз байн бурдани мушкилоти мусофирон дар пойтхат буд. Зеро онҳо дар истгоҳҳо вақти зиёд мунтазири нақлиёт мешуданд. Дар ин росто, хизматрсонии автобусу троллейбусҳо ҳамеша танқид мешуд. Хушбахтона, бо татбиқ гардидани низоми пардохти электронӣ дар автобусу троллейбусҳо сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ нисбатан беҳтар шуд. Аммо баъзан дар автобусу троллейбусҳо ронандагонеро мушоҳида мекунем, ки пули нақдро аз мусофирон мегиранд. Ҳолатҳоеро ҳам мебинем, ки танзимгарон онҳоеро, ки корт надоранд, барои ворид шудан ба нақлиёт роҳ намедиҳанд.
Донишҷӯи тоҷик Нилуфар, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш вориди Душанбе шудааст, ин ҳолатро мушоҳида кардааст. “Дар рӯзи аввал натавонистам ба осонӣ вориди автобус шавам, зеро корти электронӣ надоштам. Ниҳоят корт харидам. Агар назорат сахт шавад, шояд ҳама ба ин одат кунанд. Истифодаи корт, бахусус барои донишҷӯёну наврасон хуб аст. Доштани он нархи роҳкироро арзон мекунад. Аммо на ҳамеша банкоматҳо барои қабули корт фаъоланд”,- мегӯяд ин донишҷӯ.
Камчинии корти якдафъаина
Дар баробари беҳтар шудани хизматрасони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, мушкилоти дигар ҷой дорад. Мусофироне, ки аз дигар манотиқ ба пойтахт ворид мешаванд, корти электронӣ надоранд. Агар назорати танзимгарон ҷиддӣ бошад, табиист, ки вориди автобус шуда ҳам наметавонанд. Онҳо як ё ду сафар кардан хоҳанд, бештари маврид корти якдафъаина нест. Маҷбур мешаванд, ки бо 10 сомонӣ корт харанд. Мушоҳидаи чанд рӯзи охир нишон дод, ки онҳо аз ронандагон корти якдафъаина, ки барои як сафар пешбинӣ шудааст, талаб мекарданд. Аммо ронандаеро дидам, ки чунин корт надошт.
Як мусофири дигар, ки интизори нақлиёти ҷамъиятӣ буд, иброз дошт, ки кортро ройгон мегӯянд, аммо 4 сомонӣ аз суратҳисобаш гирифта мешавад. Ҳоло ин иқдомро танҳо дар маркази шаҳр мушоҳида кардем. Дар гӯшаву канори дигари пойтахт надидем. Мусофире, ки барои як бор сафари дохилишаҳрӣ анҷом медиҳад, маҷбур аст 10 сомонӣ сарф кунад. Бо таваҷҷуҳ ба самараи хуби кори низоми электронӣ, он бояд дар ҳама гӯшаву канори шаҳр ҷорӣ гардад.
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ