Ширкати 7 варзишгари тоҷик дар Baku Grand Slam 2023

Аз 22 то 24-уми сентябр мусобиқаи навбатии ҷудо дар доираи сайри ҷаҳонӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, ки дар он намояндаҳои Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.

Дар Baku Grand Slam 2023, ки бо иштироки 313 варзишгари беш аз 57 кишвар баргузор мешавад, Тоҷикистон 7 паҳлавон намояндагӣ мекунанд. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд аз Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг ва Мансур Раҳмон бо Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100 кг ширкат хоҳанд кард.

Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *