Чаро мардум ба қаллобон бовар мекунанд?

Мард бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар умум 49 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш барои гирифтани ҳалномаи суд оиди қонунигардонидани манзили истиқоматиаш ба ӯ мусоидат менамояд, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Тавре ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми сентябри соли 2020, марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки дар давоми моҳҳои март-октябри соли 2020, дар кӯчаи Сари Осиё марди 42-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар умум 49 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш барои гирифтани ҳалномаи суд оиди қонунигардонидани манзили истиқоматиаш ба ӯ мусоидат менамояд, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳҳои октябр-августи соли 2020, якчанд маротиба бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориён даромада, аз ӯ дар умум 107 ҳазору 415-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *