Чаро матбуоти Русия муҳоҷиронро тӯҳмат мезанад?

Қариб ҳамаи нашрияҳои чопи Петербурги Русия рӯзи 14 феврал бо сарлавҳаҳои пурҳангома хабар доданд, ки пулис як муҳоҷири 41-солаи тоҷикро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғаш дастгир кардаанд. Аммо хабари расмии пулиси Санкт-Петербург аз ин гузоришҳои ҳангоматалабона фарқ мекунад.

«Падар дар тӯли чор сол духтари худашро дар Петербург таҷовуз мекард”,

«Як мард дар Петербург духтари мактабхонашро таҷовуз кардааст”,

«Муҳоҷир аз Тоҷикистон чанд сол дар Петербург боз ба номуси духтари худаш мерасид”,

«Муҳоҷири тоҷик ба таҷовуз ба номуси духтараш айбдор мешавад” – ин унвони танҳо чанд гузориш аз мақолаҳои сершуморест, ки рӯзи 14 феврал тақрибан ҳамаи нашрияҳои чопи шаҳри Санкт-Петербурги Русия – аз «Фонтанка”-ву «Невский проспект” то «Регион.Ру” ва «Пятый канал” нашр карданд.

Мазмуни ҳамаи ин гузоришҳо, ки бо такя ба манобеи ин нашрияҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Петербург нашр шудаанд, тақрибан як аст. Гуфта мешавад, ки рӯзи 13 феврал як зани 40-сола ба пулиси ноҳияи Маскави шари Петербург шикоят овардааст, ки шавҳари ӯ аз соли 2014 ба ин тараф дар манзиле, ки онҳо иҷора менишинанд, духтарашонро таҷовуз мекард.

Ин хонавода, ба навиштаи нашрияҳои Петербург, ҳама зодагони Тоҷикистонанд ва дар Петербург сабти муваққат дошта, дар як манзил дар кӯчаи Типанов иҷора менишинанд. Гуфта мешавад, духтаре, ки мавриди таҷовуз қарор гирифтааст, соли 2000-ум ба дунё омада, ҳоло 17 сол доранд ва аксар вақт дар хонаи иҷораашон қарор дошта, ягон ҷо таҳсил ё кор намекунад.

Нашрияҳо бо такя ба манобеи худ навиштаанд, ки дар ҳоли ҳозир санҷиши қабл аз тафтишоти ин қазия идома дорад ва масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди падари таҷовузкор дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Аммо хабари расмие, ки маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Петербургу вилояти Ленинград дар сомонаи расмиаш нашр кардааст, аз мазмуни гузоришҳои ҳангомаҷӯёнаи нашршуда дар матбуоти маҳаллӣ фарқ мекунад.

Дар гузориши расмии пулиси тасдиқ карда мешавад, ки кормандони пулис як марди 41-соларо бо гумони алоқаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғи 15-сола дастгир кардаанд, вале духтари худи ин мард будани ҷабрдида ва аз Тоҷикистон будани таҷовузкор дар хабари расмии пулис аслан зикр нашудааст: «Рӯзи 13 феврали соли 2018 ба пулис як зани 41-сола муроҷиат кард, ки моҳи ноябри соли 2017 як марди 41-сола бо духтари 15-солаи зани шикояткунанда алоқаи ҷинсӣ кардааст. Кормандони раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петербург гумонбарро дастгир карданд.Шуъбаи тафтишоти сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург дар ин робита бо аломатҳои ҷинояти зикршуда дар қисми аввали моддаи 134-уми Кодекси ҷиноятии Русия (алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни 16 нарасида) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Мард бар асоси моддаи 91-уми Кодекси мурофиавиву ҷиноятии Русия боздошт шудааст.”

Қисми якуми моддаи 134-уми Кодекси ҷиноятии Русия барои алоқаи ҷинсӣ бо шахси то синни 16 ҳамчун муҷозот корҳои маҷбурӣ ба муҳлати то 480 соат то 4 сол ҳукми зиндон ваё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин муҳлати 4 солро пешбинӣ мекунад.

В Санкт-Петербурге задержан подозреваемый в сексуальном преступлении в отношении несовершеннолетней.

Сотрудники полиции задержали мужчину, который подозревается в совершении полового сношения с 15-летней девочкой-подростком.

13 февраля 2018 года в полицию обратилась 41-летняя гражданка с заявлением о том, что в ноябре 2017 года 41-летний мужчина совершил половое сношение с 15-летней дочерью заявительницы.
Сотрудники УМВД России по Кировскому району г. Санкт-Петербурга задержали подозреваемого.

Следственным отделом ГСУ СК России по г. Санкт-Петербургу возбуждено уголовное дело по признакам преступления, предусмотренного частью 1 статьи 134 УК России (половое сношение с лицом, не достигшим шестнадцатилетнего возраста).
Мужчина задержан на основании статьи 91 УПК России.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *