Чаро муштариёни алоқаи мобилӣ кам шуданд?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ ва истифодабарандагони интернет дар кишвар 700 ҳазор кам шудааст. 

Абдуқаюм Исоев, як масъули ин ниҳод имрӯз, 2 феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта 400 ҳазор муштарии алоқаи мобилӣ ва 300 ҳазор истифодабарандагони интернет коҳиш ёфтааст.

Ҷонибек Додометов, сардори раёсати танзими Хадамоти алоқа далели кам шудани муштариёнро оғози маъаракаи азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ унвон кард. Ӯ гуфт, то ҳол ним миллион нафар симкортҳои худро аз нав ба қайд гирифта ва ҳангоми азнавбақайдгирӣ қисме симкортҳои ғайриқонунии худро аз даст додаанд.
Додометов афзуд, ҳоло муштариёни алоқаи мобилӣ ба 8 миллиону 681 ҳазору 92 нафар мерасад, ки аз ин 4 миллиону 416 ҳазору 578 нафараш муштариёни фаъол мебошанд. Ба қавли ӯ, шумораи истифодабарндагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 2 миллиону 632 ҳазору 230 нафарро ташкил медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *