Президент ва шаҳрдори Душанбе ниҳол шинониданд

Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе  дар Боғи Наврӯзгоҳ дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонданд. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ ва дигар масъулини пойтахт барои барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурӯдгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, инчунин роҳҳои марказии пойтахт супориш додаст.

Дар пайи шиносоӣ бо лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар майдони Боғи Наврӯзгоҳ Эмомалӣ Раҳмон дастур додаст, ки барои боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ ва ба як ҷойи хушманзара табдил додани он дарахтони зебои гулдор ва ниҳолҳои нодири ба саломатии инсон фоидаовар шинонида шавад: “Ба роҳбарияти боғи Наврӯзгоҳ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидан, барои ба таври доимӣ фаъолият кардани шаршараи боҳашамату фаввораҳои назди он, чароғонкунӣ ва ба як мавзеи хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт табдил додани боғ супоришҳои мушаххас доданд”.

Боғи Наврӯзгоҳ соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, он дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар майдони 15 гектари боғ дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудааст.

Дафтари матбуоти Президент  таъкид кардааст, ки аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *