Чаро сафари Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ба таъхир афтод?

— Сафари расмии Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, ки дар назар буд рӯзҳои 10-11-уми апрел баргузор гардад, ба муддати номуайян ба таъхир афтод,- хабар медиҳад Маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаи мазкур, ин сафар ба далели даргузашти Огулобат Бердимуҳамедова, бибии президенти кунунӣ ба таъхир афтодааст.

Тасаллияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи расмии ӯ нашр шудааст. Ин паём ба падари президенти феълӣ, раиси Халқ Маслахатии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст.

“Хабари даргузашти модари соҳибэҳтироми Шумо — Огулабад эдже боиси андуҳи амиқи мо гардид. Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллии самимӣ ва таъзияи амиқи ин ҷонибро қабул фармоед”,- омадааст дар тасаллиятномаи мазкур.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *