Чаро судяи суди Кӯлоб аз вазифа озод шуд?

3-юми май Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Алимзода Ҳанифа Акбар — судяи Суди шаҳри Кӯлобро аз мақомаш барканор кард.

Ин судя “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи Суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад”,- омадааст дар фармони Президенти мамлакат. Вале мушаххасан гуноҳи судя гуфта нашудааст.

Радиои Озодӣ менависад, ки судя ба гирифтани ришва гумонбар аст. Номбурда аз соли 2022 судяи Суди шаҳри Кӯлоб таъйин шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *