Чаро Турсунзода Нишон надорад?
Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин, боғи фарҳангиву фароғатии шаҳр низ таъмиру таҷдид шуд.
Қаблан, дар Майдони Парчами миллӣ ҳайкали Модар қомат афрохта буд. Гарчанде майдон обод набуд, вале он рамзи шаҳри Турсунзода буд ва мардум ба тамошояш мерафтанд. Ҳоло бошад, ба майдони Парчами миллӣ аз маркази шаҳр мусофирбар ба ивази 3 сомонӣ мебарад. Вале гирду атрофи Парчам гулгашт надорад.
Банда бар он ақида ҳастам, ки бояд майдони Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр бунёд мешуд ва ҳайкали Модар дар ҷояш меистод. Ҳоло дар шаҳри мо Майдони Нишони миллӣ нест. Дар сурате, ки ноҳияҳои дурдаст Майдони Нишон доранду як шаҳри саноатии пешрафта надорад. Умед аст, ки раиси шаҳр барои бунёди Майдони Нишон азм хоҳад кард.
А. АЗИЗӢ, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ