Оқила Азифӣ. Аз ҷабри толибон то беҳтарин омӯзгори ҷаҳон

Оқила Азифӣ аз ҷасуртарин бонувони Афғонистон аст, ки солҳои 90-уми асри ХХ аз ҷабру ситами толибон Афғонистонро тарк кард ва ба Покистон паноҳ бурд. Номаш дар радифи 50 омӯзгори беҳтарини ҷаҳон аст.

Оқила барои паноҳбарандагони афғон аз ҷабри толибон нахустин мактабро зери хайма дар лагери гурезагон таъсис дод. Дар мактаб-хайма ӯ барои кӯдакони гурезаи афғон нахуст қоидаҳои беҳдоштӣ, маълумоти диниро таълим дод. Баъдан духтаронро дар лагери гурезаҳо ба омӯзиш фарогир кард ва барои шогирдонаш дастурҳои омӯзиширо таълиф намуд.

Дар ҳоли ҳозир дар лагери гурезаҳои афғон дар Покистон 9 мактаб фаъолият дорад, ки 1500 нафар хонанда (900 нафарашон духтарон) таҳсил доранд. Муҳимтарин дастоварди Оқила дар баробари омӯзиш, ин пешгирии талоқ (ҷудошавии оилаҳо) дар муҳити лагери гурезаҳои афғон мебошад.

Оқила Азифӣ ҷоизадори озмуни «Беҳтарин омӯзгори ҷаҳон» (Global Teacher Prize) мебошад, ки маблағи ҷоиза як миллион доллари ИМА аст. Ҳамчунин ҷоизадори Ҷоизаи Нансени Комиссариати Олии СММ оид ба корҳои гурезагон мебошад.

Қурбоналӣ РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *