Чаро зоирони тоҷик тариқи Ӯзбекистон ба Ҳаҷ мераванд?
Аксари зоирони тоҷик аз тариқи Ӯзбекистон ба Ҳаҷ мераванд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин дар нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ ба далели гаронии билетҳои ҳавопаймо ба вуҷуд омадааст. Вай гуфт, ки дар Ӯзбекистон арзиши чиптаҳо нисбат ба Тоҷикистон арзонтар аст.
Тибқи иттилои Кумитаи дин, дар соли 2023 беш аз 4,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ҳаҷ рафтаанд. Роҳкиро барои як нафар 59 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, Давлатзода гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 419 мавриди нақзи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» сабт шудааст. Бештари қонунвайронкуниҳо дар вилояти Хатлон — 142 ҳолат, вилояти Суғд — 116, дар Душанбе — 61, дар НТМ — 85, дар ВМКБ — 52 ба қайд гирифта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ