Ҳакамии доварони тоҷик дар бозиҳои Лигаи Қаҳрамонҳои КФО-2023/24

Доварон аз Тоҷикистон — доварони ФИФА Насрулло Кабиров ва Гулмуроди Саъдулло бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24-ро ҳакамӣ мекунанд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Насрулло Кабиров бозии даври муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Шарҷа» (АМА) ва «Башундара Кингс» (Бангладеш)-ро доварӣ мекунад. Ин вохӯрӣ 15-уми август дар Шарҷа баргузор мешавад. Ба Кабиров ҳамватанонаш — ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод кумак мекунанд. Довари чаҳоруми ин бозӣ Алӣ Реда аз Лубнон хоҳад буд.

Довари дигар аз Тоҷикистон, довари ФИФА Гулмуроди Саъдуло довари марказии бозии плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 миёни бошгоҳҳои «Урава Ред Даймондс»-и Ҷопон ва барандаи ҷуфти «Ли Ман» (Ҳонгконг) — «Бали Юнайтед» (Сингапур) таъйин шуд. Ин рақобат 22-юми август дар Сайтама сурат мегирад. Ба ҳайси ёварони Гулмуроди Саъдулло Вафо Қараев ва Ҳасан Каримов фаъолият хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро Насрулло Кабиров иҷро мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *