Чеченистон бо ҳамҷинсгароҳо ҷанг эълон кардааст?
Ба маълумоти Шабакаи ҳамҷинсгароҳои Русия мавҷи нави таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон оғоз шудааст.
Ба гуфтаи ин созмон аз охири моҳи декабр дар ин ҷумҳурӣ дастикам 40 нафар ғайриқонунӣ боздошт ва ду нафар дар пайи шиканҷа ҳалок шуд. Мисли мавридҳои қаблӣ, боздоштро ходимони ниҳодҳои ҳифзи тартибот анҷом доданд. Бахше аз осебдидаҳо дар зиндони Арғун нигаҳдорӣ мешаванд, ки номаш дар робита ба таъқиби ҳамҷинсгароҳо борҳо вирди забон шудааст. Бар пояи шоҳидии сокинони Чеченистон, ки бо фаъолони ҳуқуқ дар тамос шуданд, санадҳои боздошшудаҳоро мусодира ва онҳоро бо парвандаҳои сохта аз ҷумла алайҳи наздиконашон таҳдид мекунанд, маҷбур мекунанд ба варақҳои тоза, ки навиштае надорад, имзо гузоранд.Ба гуфти ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо, ин созмон тавонист 150 нафарро аз Чечнистон берун орад, ки 130 нафари онҳо Русияро тарк карданд.Соли 2017 нашрияи «Новая газета» силсилаи матлабҳоро дар бораи таъқиб ва куштори ҳамҷинсгароҳо дар ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ нашр кард. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, СММ, ИМА ва Иттиҳоди Аврпуо аз Русия талаб карданд, ки ҳамаи хабарҳои марбут ба таъқибу куштори ҳамҷинсгароҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад. Аммо Рамазон Қодиров — роҳбари ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ иттиҳомро рад кард ва гуфт, ки Чеченистон ҳамҷинсгаро надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ