Пулкоркунӣ бо ҷӯроби ифлос

Дар Бритониёи кабир Рокси Сайкси 33-сола  бо усули ғайриодӣ пул кор мекунад. Сайкси аз фурӯши чизҳои ғайриодӣ маблағ ба даст меорад. Ин зан ҷӯроби ифлос ва пойафзолашро фурӯхта, дар як сол қариб 3,6 млн грн пул кор кардааст. Боре як ҳамкораш шӯхӣ кард, ки Сайкс пойҳои зебо дорад ва метавонад бо намоиш додани пояш дар шабакаи Instagram, пул кор кунад. Ин фикр ба Рокси писанд омад ва аз паси амалӣ намуданаш гашта, дар ҳақиқат маблағи хуб ба даст овард. Акнун вай на танҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, балки дар сайтҳо низ ҷӯроб мефурӯшад. Як ҷуфт ҷӯроби танҳо як рӯз пӯшидааш 20 фунт, пойафзоли ду моҳ пӯшидааш 200 фунт ва сабти видеоие, ки дар он бритонизан ангуштони пояшро ба ҳаракат меорад, 100 фунт арзиш дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *