Чидаахбори футбол

«Истиқлол» панҷум бор чемпиони Тоҷикистон шуд

Шоми 30 октябр дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аз даври 17-ум мавқуфмонда дастаи «Барқчӣ»-и Душанберо  бо ҳисоби бузурги 5:1   шикаст дода, як бозӣ қабл аз анҷоми Чемпионати XXV оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олии  Тоҷикистон дар соли 2016 бори панҷум унвони чемпиониро соҳиб гашт.

Тӯбҳоро Ҷаҳонгир Алиев (2), Манучеҳр Ҷалилов Фатҳулло Фатҳуллоев  ва Дилшод Восиев ба дарвозаи барқчиён ворид карданд. «Истиқлол» то ин дам дар мавсимҳои футболи солҳои  2010, 2011, 2014  ва 2015 қаҳрамониро сазовор шуда буд.

Пирӯзии чашмраси меҳмонон

30 октябр инчунин се бозии даври 18-уми чемпионати Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бозиҳо ғолибият насиби меҳмонон гашт.

«Регар-ТадАЗ» дар Душанбе КМВА «Помир»-ро – 1:0, «Хайр»  дар Кӯлоб  «Равшан»-ро – 3:1 ва «Хуҷанд» дар Қӯрғонтеппа «Вахш» -ро 2: 1 буриданд.

Таъиноти сесолаи Муҳсин Муҳаммадиев
 ба сармураббигии «Истиқлол»

Бинобар иттилои сомонаи ФФТ, 31 октябри соли равон мутхассиси маъруфи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар асоси шартнома ба муддати 3 сол сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе – чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ ба иҷрои вазифааш пас аз анҷоми мавсими имсола шурӯъ менамояд.

Ба хотир меорем, ки Муҳсин Муҳаммадиев  дар замони шӯравӣ дар ҳайати дастаҳои Пахтакор»(Қӯрғонтеппа , солҳои 1984–1985); «Помир», Душанбе (1985–1992); «Локомотив», Москва (1992–1993) ва   «Спартак» (Москва) футболбози ниммуҳофизатгар ва ҳуҷумкунанда буд. Устоди варзиши СССР, чемпиони Русия дар соли 1994 мебошад. Мураббӣ ва сармураббии бошгоҳи «Витязь» (Подольск, солҳои 2003–2008), директори варзишӣ ва сипас мураббии бошгоҳи «Рубин» (Қазон, солҳои 2008–2012) ва Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон (2013-2015) ва «Ордабаси», Шимкент (2016).

Духтарони футболбозони тоҷик ноком шуданд

Аз 27 то 31 октябр дар шаҳри Душанбе чемпионати Осиё миёни мунтахабҳои духтарони то 19-сола дар гурӯҳи «В» сурат гирифт. Мунтахаби духтарони Тоҷикистон дар бозии нахусти гурӯҳӣ 27 октябр аз ҳамтоёни ӯзбекистониашон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуданд.

Тоҷикдухтарон дар вохӯрии дуюмашон бо мунтахаби Китайского Тайбэи Хитой низ бо ҳисоби 5:2 бохта, имкони аз гурӯҳашон баромаданро аз даст доданд.

Акнн дар гурӯҳи «В» барои роҳхат дастаҳои Тайбэи Хитой ва Ӯзбекистон бо ҳам вомехӯранд. Дар ин марҳила духтарони Тайбэи Хитой имкони бештар дошта, барояшон вохӯриро мусовӣ анҷом додан кофист. Духтарони ӯзбекро танҳо пирӯзӣ ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2017 мерасонад.

 

Эмоми НАЗАРИЁН

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *