Агентии зидди коррупсия соҳиби иди касбӣ шуд

 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат аз тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ҷонибдорӣ кардааст.

 Бар асоси қарори ҳукумат, ки аввали моҳи равон имзо шуд, дар Тоҷикистон иди нав роҳандозӣ хоҳад шуд: “Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар мавриди ин тарҳ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тобистони соли равон пешниҳод шуд ва ҳукумат моҳи ҷорӣ ҷонибдорӣ кард”.

 Бар асоси тағйирот дар назар аст, ки 10-уми январ иди касбии кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҷлил гардад, ки 80-умин иди расмӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.

  Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 143  10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Пешниҳоди иди касбии кормандони Оҷонсӣ дар ҳолест, ки ду моҳ баъд 10-солагии таъсиси ин ниҳод таҷлил хоҳад шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *