Чин ба Кореяи Шимолӣ кумаки низоми мекунад
Чин ба Кореяи Шимолӣ афзоиши кӯмакҳои низомӣ, бо шумули воридоти мушакҳои навъи миёна ва дурпарвозро пешниҳод кард. Ин пешниҳод ба шарте ироа шудааст, ки агар Пхенян аз идомаи озмоиши силоҳи ҳастаӣ худдорӣ кунад.
Санади пешниҳодӣ муҳри махфӣ дорад ва онро Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин рӯзи 15 сентябр, 12 рӯз баъди озмоиши ҳастаии зеризаминии Кореяи Шимолӣ пешниҳод кард. Ин санадро ба нашрияи Washington Free Beacon нафаре додааст, ки дар гузашта бо хадамоти махсуси Чин ҳамкорӣ дошт. Нашрия маводро рӯзи сешанбе чоп кард. На Идораи истихбороти ИМА ва на сафорати Чин дар Вашингтон хабари нашрияро шарҳ надодаанд. Манобеи бетараф низ то ҳол хабарро тасдиқ накарданд.
Бар пояи ин ҳуҷҷат, Чин пофишорӣ намекунад, ки Кореяи Шимолӣ силоҳҳои ҳастаии мавҷудашро нест кунад. Ин хилофи сиёсати Пекин аст, ки мехоҳад шибҳаҷазираи Кореяро ба минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ табдил диҳад. Пекин ҳамчунин ба раҳбарияи Кореяи Шимолӣ ваъда додааст, ки таҳримҳои тиҷоратии СММ алайҳи Кореяи Шимолиро коҳиш медиҳад ва ба сатҳи «символик» мерасонад.
Навиштаи The Washington Free Beacon ҳамсадо бо мақолаҳои матбуоти Кореяи Ҷанубӣ аст, ки мегӯянд, Чин бо фирор аз таҳримҳои байналмилалӣ ба Кореяи Шимолӣ нафт ворид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ