Зуля Раҷабова: Моҷарои сагона дар Осиёи Миёна

 

«Битва экстрасенсов»-ин барномаи шабакаи телевизионии ТНТ мухлисони зиёде дорад, зеро дар он соҳирон ва ғайбдонҳои машҳур иштирок намуда, сиру асрори махфии одамонро фош карда, асрори куштор ва ҷиноятҳои солҳои пеш содир шударо мекушоянд.

Соли 2018 дар дунё чӣ ҳодисаҳо рӯй медиҳанд?- Журналистони рус бо ин савол ба ғайбдонҳои машҳуртарини барномаи мазкур муроҷиат намуданд. Экстрасенс Алена Курилова иваз шудани ҳокимиятро дар кишвари рус пешгӯӣ карда, таъкид намудааст, ки хунрезию ҷанг дар ҷаҳон то соли 2020 давом хоҳад кард. Соҳир Дмитрий Волхов бар он назар аст, ки Русия иқтидори худро мустаҳкамтар месозад, вале ИМА баръакс дучори мушкилиҳо хоҳад гашт. Свами Даши дар соли 2018 буҳрони иқтисодиро дар Аврупо пешгӯӣ намуда гуфтааст, ки Русия, Хитой ва  Ҳиндустон як иттифоқи пурзӯри иқтисодӣ ташкил хоҳанд кард.

Инак, боз чанд пешгӯии дигари ғолибони барномаи ««Битва экстрасенсов»-ро ба шумо пешкаш месозем.

Зулия Раджабова:

Табадуллоти хунин дар пеш аст!

Ғолиби даври дуюми «Битва экстрасенсов» Зулия Раджабова бар он назар аст, ки дар се кишвари собиқ Иттиoҳоди Шуравӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омада, табадуллотҳои давлатӣ рӯй медиҳанд. Ба гуфти ин экстрассенси машҳур дар натиҷаи ин задухӯрд ва бетартибию хунрезиҳо сарвари яке аз давлатҳо гуреза шуда, ду ҳокими дигарро сарнавишти боз ҳам талхтар-марг интизор аст. Зулия муътақид аст, ки баъди даргириҳо ба сари қудрат сарварони оқилу доно омада, кишварҳои худро аз нигоҳи иқтисодӣ хеле пеш мебаранд.

Фатима Хадуева:

Пули нав мебарояд!

Ғолиби даври 13 –уми «Битва экстрасенсов» Фатима Хадуева бар он назар аст, ки дар соли нав арзиши рубли русӣ боло рафта, боз як намуди нави асъор ба гардиш мебарояд, ки боиси рушди иқтисодиёт хоҳад шуд. Фатима дар соли 2018 зиёд шудани офатҳои табииро пешгӯӣ карда, таъкид намудааст, ки обхезию заминларзаҳои шадид ба  сари одамизод балоҳои азим оварда, ҷони одамони зиёдеро мерабояд. «Бемориву эпидемия дар соли саг дида намешавад, ба шарте ки мардум фикрҳои мағшушро аз сарашон дур созанд»,-гуфтааст ин фолбини машҳур.

Виктория Райдос чӣ мегӯяд?

Виктория Райдоси машҳур дар мусоҳибааш ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки соли 2018 барои Русия соли душвор меояд ва танҳо миёнаҳои соли 2019 беҳбудӣ дида мешавад.

Муҳсин Наврӯзӣ:

Ҷанги Русия бо давлатҳои араб даҳшат аст!

Ғайбдон ва табиби эронӣ Муҳсин Наврӯзӣ бар он ақида аст, ки дар соли 2018 кишварҳои зиёде аз буҳрони иқтисодӣ азият мекашанд ва Иттиҳоди Аврупо комилан аз байн меравад. Ин экстрасенси машҳур ба роҳбарони Русия тавсия додааст, ки аз ширкат дар ҷанги Сурия даст кашида, аз ҳама гуна низоъ ва муноқиша бо давлатҳои арабӣ худдорӣ намоянд. «Ба ҷои дахолат ба кишварҳои дигар, беҳтар аст, ки ғами халқи худро хӯред»,- гуфтааст Муҳсин  Наврӯзӣ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *