Имомхатибони «бесавод»-ро аз вазифа ронданд

Дар пайи анҷоми имтиҳони солонаи имомхатибони масҷидҳо ҷомеи Тоҷикистон, ки аз ҷониби комиссияи Кумитаи дин ва Шӯрои уламо анҷом шуд, аз 265 имомхатиб даҳҳо нафар аз мақомҳояшон барканор шуданд. Мақомот ҳанӯз шумораи дақиқи барканоршудаҳоро нашр намекунанд.

Санҷиши имомхатибон охири соли 2017 анҷом шуд ва натиҷаҳои он ба худи онҳо ҳам дар рӯзҳои аввали соли нав маълум гардид. Қарор аст баъди ин дар фурсати наздик санҷиши 3000 имомхатибони масҷидҳои панҷвақта шурӯъ мешавад.

Мунаққидон аз сӯи ниҳоди давлатие, чун Кумитаи дин санҷида шудани дониши имом-хатибонро мухолиф бо асли Қонуни асосии Тоҷикистон медонанд, ки низоми давлатро дунявӣ ва динро аз давлат ҷудо кардааст.

Имтиҳоне, ки барои санҷиши савияи дониши имомхатибон ҳанӯз нӯҳ соли пеш ҷорӣ шудааст, ин навбат низ бисёриҳоро норозӣ гузошт. Онҳое, ки барканории худро ноодилона мешуморанд, иддао доранд, ки бо вуҷуди посух додан ба ҳамаи суолҳо, ҳайати комиссия ба кору дониши онҳо баҳои манфӣ дод ва аз вазифаи имоматӣ маҳрум кард. Дар миёни саволҳои имтиҳон, ба гуфтаи ин имом-хатибон, масоили марбут ба ободонии масҷидҳо низ матраҳ шудааст.

Олимназар Файзиев то моҳе пеш имом-хатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Ёрии Панҷакент буд ва дар пайи санҷиши ахир, ӯро дар вазифаи имоматиаш, ки 25 сол иҷро мекард, тасдиқ накарданд. Олимназар Файзиев мегӯяд, бо вуҷуди посух доданаш ба ҳамаи суолҳо, аъзои комиссия барои надоштани маълумоти олӣ ва саривақт дуруст накардани таҳоратхонаи муосир дар масҷиди деҳа, ӯро аз имоматии масҷид барканор кардаанд.

Вай мегӯяд, беш аз 25 сол пешнамози масҷиди ҷомеъ буд, вале ҳеҷ гуна шикояте аз тарафи аҳли деҳа ва намозгузорон нашунидаааст, аммо комиссияи Кумитаи дин ва Шӯрои уламо ӯро сарфи назар кард. Файзиев дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 3 январ гуфт: “Раиси бахши Кумитаи дин ва расму оинҳои ноҳия, ки дар санҷиши имом-хатибҳо дар шаҳри Хуҷанд ширкат дошт, ба масҷид омад ва дар назди ҳама гуфт, ки аз санҷиш нагузаштед ва дигар ҳаққи имом-хатибиро надоред. Гуфт, «ба масҷид наоед». Ду рӯз мегузарад, ки ба масҷид нарафтаам ва пешнамоз нестам”.

Вай меафзояд, воқеан маълумоти олӣ надорад, аммо дар асоси шариати муҳаммадӣ вазоифи имоматиро иҷро мекунад: “Ман бинои таҳоратхонаро сохтам ва мардумро бо офтобаҳои оби гарм дар вақти намоз таъмин кардам. Ҳеҷ кас шикоят надорад ва дар рӯзҳои наздик боз лӯлаву дигар васоили сохтмонро оварда, як таҳоратхонаи ҳозиразамони дорои оби гарму хунук бояд месохтем. Фикр намекунам, ки ин сабаби аслии аз имоматӣ рафтани ман бошад”.

Аммо Саидбек Шодиев, раиси бахши дин ва танзими расму оинҳои ноҳияи Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, дар вақти имтиҳони имом-хатибҳо ширкат дошт ва имом-хатиби деҳаи Ёрӣ ба аксари суолҳо ҷавоби дуруст надод ва ба ҳамин хотир аз ин масъулият барканор шуд.

Вай гуфт: “Тайи як соле, ки ман дар ин вазифа кор мекунам, барои масҷид ҳеҷ коре накардаст. На дар назди масҷид гул шинонд, на таҳоратхонаи муосир сохт, на оби гарм дуруст кард. Бо назардошти ин ҳама аз имоматӣ барканор шуд”.

Мақомоти масъул мегӯянд, вазифаи имомхатиби масҷид на танҳо аз танзими ҷараёни намозгузориву мавъизаҳо, балки ташкили шароити хоҷагиву маишии ин муассисаи динӣ иборат будааст. Аз сӯҳбат бо масъули шуъбаи дин ва расму оинҳо рӯшан мешавад, ки масъулияти сохту соз ва таъмини обу дигар муҳимот барои намозгузорон бар дӯши имомхатиб аст.

Ҳисомиддин Муродов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте рӯҳоние ба имомати масҷид пазируфта мешавад, ҳатман сарфу харҷу ободонии масҷид низ бар дӯши ӯ хоҳад буд: “Таъмин бо оби гарму хунук барои таҳоратхона, фароҳам овардани шароити муносиб барои намозгузорон вазифаи имомхатиб аст, зеро мудирияти масҷид ба дӯши ҳамон аст”.

Бо ин, ки давлат барои имомхатибони масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон маоши моҳона дар ҳаҷми то 800 сомонӣ муқаррар кардааст, хароҷот ва нигаҳдории он аз ҳисоби пули хайрияи мардум буда, ин маблағҳо барои таъмини масҷид бо шароити зарурӣ, аз ҷумла, пардохти харҷи обу барқ равона мешавад. Пули хайрияи намозгузорону саховатмандон маъмулан дар намозҳои ҷумъа ва дар идҳо ҷамъоварӣ мешавад.

Олимназар Файзиев, собиқ имом-хатиби барканоршуда мегӯяд, ҳоло мардум дар намози ҷумъа камтар хайр мекунанд, вале дар иди Қурбон ва Рамазон бештар дасти сахои худро боз мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар идҳои калон аз ҳисоби намозгузорони деҳ то се ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ ва ҳамин маблағ барои беҳбуд бахшидани шароити масҷид масраф мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки мегӯяд, аксари сокинони ин кишвар пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд, солҳои охир аз фаъолиятҳои мазҳабӣ ҳамаҷониба назорат мекунад. Дар солҳои охир даҳҳо нафаре, ки ба қавли сохторҳои ҳифзи қонун дар чаҳорчӯби масҷиду дигар ҳамоишҳои серҷамъият бо шеваи бегона намоз хонда, аз ин роҳ мазҳаби ба истилоҳ бегона ё мамнӯъ, назири шеваи салафифро ба намоиш гузоштааст, боздошт ва муҷозот шудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, гароиши бархе афрод ба мазҳабҳои бегона метавонад боиси тафриқаандозӣ дар ҷомеа шавад ва нақши имомхатибоне, ки аз имтиҳони вижаи уламои расмӣ мегузаранд, дар назорат ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии чунин ақидаву падидаҳо муҳим мебошад.

Санҷиши имом-хатибон бар асоси моддаи 11-Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ сурат мегирад, ки дар он зикр шудааст, ки “имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд.” Санҷишу имтиҳони донишу малакаи имомхатибон, ё «мувофиқакунонӣ», аз талаботи қонуни динест, ки аз соли 2009 дар Тоҷикистон амал мекунад.

Аммо ба ин муқаррарот на ҳама рӯҳониён мувофиқ ҳастанд. Дар ҷараёни имтиҳон на танҳо сатҳу сифати дониши имом-хатибҳо ва маълумоти гирифтаи онҳо санҷида мешавад, балки огаҳии сиёсии онҳо аз шароиту қонунҳои амалкунандаи кишвар ҳам пурсида мешавад.

Вале мунаққидон аз сӯи ниҳоди давлатие, чун Кумитаи дин санҷида шудани дониши имом-хатибонро мухолиф бо асли Қонуни асосии Тоҷикистон медонанд, ки низоми давлатро дунявӣ ва динро аз давлат ҷудо кардааст. Аз тарафи дигар, ба бовари мунтақидон, мақомоти давлатӣ мехоҳанд тавассути чунин имтиҳону санҷишҳо рӯҳониёни барои мақомот нохушояндро аз минбари масоҷид дур кунанд.

Ин аст, ки рӯҳониёни шинохтае, чун Ҳоҷӣ Мирзо, Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ва Мулло Абдураҳими Қазоқониро маҳз дар пайи ба иҷро даромадани қонуни кунунии дин аз мақоми имомат дар масҷидҳо дур карданд.

Бознашр аз «Озоди»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *